туризм
САЙЁҲӢ. ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗӢ САМАР МЕОРАНД
Сайёҳӣ яке аз сердаромадтарин бахшҳои иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, аз лиҳози фоидаи соф ба соҳаи фурӯши нафту газ рақобат дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти фарохи рушди сайёҳӣ мебошад ва барои муаррифии онҳо ҷиҳати ҷалби сайёҳон тайи солҳои охир талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳа, хусусан имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ, ба рушди соҳа мусоидат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор фароҳам овардааст. Фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи низоми содагардондашуда танзим мегардад, ки барои кори босамари ширкату корхонаҳои соҳа аз чораҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз пардохтҳои андозу гумрук озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият, ташаккул ёфтани низоми содакардашудаи раводид ва шабакаи ягонаи электронӣ барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон ва муқаррар гардидани беш аз 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиме мебошанд, ки ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар андешида шудаанд.
Андоз сарчашмаи ғанӣ сохтани буҷети кишвар аст. Аммо кам кардани ҳаҷми он дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ маънои коҳиш ёфтани даромад аз андозро надорад. Баръакс, ба василаи сабук сохтани пардохти андоз дар ҷодаи туризм шумораи андозсупорандагон афзуда, мушкилоти қарздорӣ аз андоз боқӣ намемонад. Ҳазорҳо ҷойи кор фароҳам меояд ва аз ин ҳисоб ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ низ ба маротиб зиёд мегардад. Дар натиҷаи зиёд гардидани хизматрасониҳои туристӣ истеҳсоли дохилии маҳсулоти хӯрокворӣ, либос ва мебелу таҷҳизот низ рушд меёбад. Ин раванд дар навбати аввал ба бештар гардидани теъдоди корхонаҳои саноатии ватанӣ мусоидат менамояд.
Аҳамияти дигари имтиёзҳои андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби ташкилоту ширкатҳо ва сармоягузорон дар кӯтоҳтарин муддат бунёд ва ташаккул меёбанд.
Коршиносони байналмилалии соҳа эътироф кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи фароҳам овардани шароиту имтиёзҳо ба хотири пешрафти бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифати сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон қадамҳои устувор мегузорад.
Гулнор МАЛИКОВА,
магистри Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2018 №: 90 Мутолиа карданд: 1415