порлумон
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ МУҲИМ
Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 126,4 миллион долларро ташкил дод ва дар семоҳаи соли равон ин нишондиҳанда ба 41,5 миллион доллар расид, ки ҳаҷми мубодилаи мол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёд аст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории ширкатҳои ҷониби Ӯзбекистон 17 корхона фаъолият дорад.
Ин нукта дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя баён гардид. Назар ба гуфтаи ӯ, мақсади созишномаи мазкур аз байн бурдани андозбандии дукарата, афзоиш додани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, воридоти сармоя, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ барои ҳар ду ҷониб ва дар умум барои беҳтар гардондани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангии байни ду кишвар мебошад.
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии созишномаи мазкур зикр кард, ки он 9 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур ба таҳкими ҳамкории ду давлат нисбат ба ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо эътирофи муҳимияти таъмин намудани механизми ҳимояи сармоягузориҳо тибқи қонунгузории ҳар ду давлат, инчунин, тавассути меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст. Мувофиқи созишнома тарафҳои аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки дар ҳудуди давлати худ барои сармоягузориҳои тарафи дигар шароити мусоид фароҳам оваранд ва тибқи қонунгузории давлати худ ҳимояи сармоягузориҳои давлати дигарро дар ҳудуди худ таъмин намояд. Инчунин, дар он интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд. Тарафҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба тафсир, истифода ва ё татбиқи созишномаи мазкур машварат мегузаронанд. Созишнома ба муддати 10 сол эътибор дорад ва пас ба анҷом расидани муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида амали он метавонад ба таври автоматӣ даҳсолаи навбатӣ тамдид гардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.05.2018 №: 90 Мутолиа карданд: 5370