logo

номаҳо

Рӯҳу тавони нав гирифтам

Ман умри дарозе дидаам. Ҳоло 92 - сола мебошам. Дар набардҳои хунину  даҳшатбори   ҷанги дуюми ҷаҳон   ширкат варзида, баҳри озодӣ аз вабои фашизм сина сипар намудаам. Лекин аз он афсӯс мехӯрам, ки аз шумораи зиёди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо банда дар Дарвоз ва боз се тани дигар дар саросари Бадахшон, ҳамагӣ чор нафар дар қайди ҳаёт мондаему халос. Ҳамчун собиқадори ҷангу меҳнат соҳибистиқлолии кишварро хеле хушнудона истиқбол гирифтаам.

Мутаассифона, дар нахустин солҳои истиқлолияти кишвар муноқишаҳои шаҳрвандӣ оғоз гардиданд. Ман ва боз даҳҳо нафар собиқадорони ҷангу меҳнати солдида аз ин воқеот ва ҳодисаҳои номақбул хеле ғамгин ва дилшикаста гашта будем. Зеро медидем, ки дар Дарвозу Ванҷ ва дигар манотиқи Бадахшон ҷавонони гумроҳ ва силоҳбадасте пайдо шудаанд, ки панду насиҳатҳои калонсолонро гӯш намекунанд. Он давра камчинии маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва сарулибос азиятамон намедод, вале дарди ватандорӣ, тақдири Тоҷикистони азиз, иллат ва носозгорие, ки ба сари халқи тамаддунсозамон омада буд, хеле сахт малӯлу дилафгорамон мекард.  Ниҳоят ба ғаму ғусса мубтало ва бемор гаштам. Орзу мекардам, ки ҳар чи зудтар оламро падруд бигӯям ва гумроҳиву дилозории ҷавонон, писарону наберагонамро дигар набинам.
Вале дар дами пирӣ ин мақоли машҳури халқӣ - «аз ноумедӣ басе умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст» - ҷомаи амал пӯшид. Иқболи миллат баландӣ кард. Ба бахти пиру барно абармарди далеру ҳимматбаланд Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷабинаш нуру хирадмандӣ солҳо боз ҳувайдост, якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол интихоб шуданд. Таърихи кишвар сад дар сад исбот намуд, ки ин роҳбари ҷавон мушкилкушои халқ, раҳнаварди барҷастаи роҳи истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдат,  якпорчагӣ ва ободиву бунёдкориҳои беқиёс дар  кишвар гардид. Баъди ин воқеаи фараҳбахш   ман, ки умед аз зиндагонӣ канда будам, рӯҳу тавони нав гирифтам ва боз ба кор баромадам ва то ҳаштодсолагиам дар идораву муассисаҳои гуногуни ноҳияи Дарвоз кор кардам.
Имрӯз хабари гумроҳии баъзе аз ҷавононро шунида, ғамгин мешавам. Хушбахтона, насли нав ранҷу азоб надидааст ва Худо кунад, ки ҳеҷ гоҳ набинад. Вале падару модаронро зарур аст, ки дар  фикри ояндаи онҳо бетараф набошанд. Зеро ояндаи ҳар як ҷавон дар маҷмӯъ ояндаи ин миллат аст...
Додихудо СОЛЕҲОВ,
ноҳияи Дарвоз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 2616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед