мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Шматко
Нимаи дуюми 20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетикаи Федератсияи Русия, Раиси қисмати Русиягии комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои ду кишвар Сергей Шматкоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили омодагӣ ба сафари пешомади давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия зоҳир гардид.
Рафти татбиқи аксари санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла мувофиқаҳое, ки миёни сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев оид ба сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори обии барқӣ моҳи августи соли гузашта ба даст омада буд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Суръат ва ҳаҷми корҳои ширкати Газпроми Русия оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи газ низ дар Тоҷикистон нокифоя маънидод шуд. Таъкид гардид, ки аз 4 кони газ, ки ба ихтиёри ширкати Газпром вогузор шудааст, танҳо дар яктоаш корҳо оғоз ёфтаанду бас.
Бо вуҷуди камбудиҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, нафту газ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва хоҷагии об, мудофиаву амният, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба рушди ҳамкориҳои имрӯзаи ду кишвар такони нав мебахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1829