мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон: «Фаронса ҳамкори
асосии Тоҷикистон дар Аврупост»
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Тйерри Марианиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Фаронсаро «ҳамкори асосии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «мо ба таҳкиму тавсеа додани муносибатҳои гуногунҷанба бо он манфиатдорем, аз ҷумла ба густариши робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ».
Тйерри Марианӣ ба таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «андешаю пешниҳодҳои Шумо баҳри барқарор сохтани оромию субот дар Афғонистон барои нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ бисёр муҳим аст».
Масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва ғайра дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.
Таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ки лоиҳаи асосии ҳамкории имрӯзаи иқтисодии ду кишвар аст, ба иттилои намояндаи Президенти Фаронса тобистони соли 2011 анҷом меёбад.
Бо таваҷҷӯҳ ба таъсири Афғонистон ба авзои кишварҳои минтақа ҳар ду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ, аз ҷумла барои пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1886