ҳуқуқ
ТОҶИКОБОД. ИҚДОМЕ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Дар ноҳияи Тоҷикобод шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хушунат ва зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», корҳои анҷомшуда дар самти татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо иброз дошт, ки татбиқи талаботи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки тибқи он мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз ба ҳисоб меравад, метавонад дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра мусоидат кунад.
- Тибқи меъёрҳои барнома бояд тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба моҳияти қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Ҳанӯз ҳолати воқеии корҳои идеологиву тарғиботӣ ҷиҳати иҷрои қонунҳои амалкунанда қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, тамоми аъзои шӯроро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии барнома тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд, - таъкид кард раиси ноҳия.
Гуфта шуд, ки қатъи назар аз тадбирҳои андешидашуда имрӯзҳо ҳолати шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, машғул шудан ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, худсарона сохтани хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва дигар мушкилот ба назар мерасанд, ки нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар доираи вазифаву уҳдадориҳои худ дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшем.
Дар робита ба масоили баррасишуда, қарори дахлдори шӯро қабул гардида, тибқи он масъулин муваззаф шуданд, ки ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии сокинони ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, машғул шудан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро пурзӯр намоянд.
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2018 №: 91 Мутолиа карданд: 1166