ҳуқуқ
"ЧАРО ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД?"
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби «Чаро ҳукми суд иҷро намешавад?» («Ҷумҳурият», №48) - ро, ки бо имзои шаҳрванд Маърифатхон Холматова рӯзи 5 марти соли ҷорӣ нашр шудааст, баррасӣ намуд.
Муайян карда шуд, ки дар асоси ҳукми суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз 27 августи соли 2015 бояд аз ҳисоби қарздорон (маҳкумшудагон) Н. А. Абдукаримов ва М. Ҳ. Қосимов ба тариқи муштарак ба манфиати ситонандагон, аз ҷумла М.Холматова, 820000 сомонӣ маблағи зарари моддӣ рӯёнда шавад.
Вобаста ба ин, ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои маҷбурӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни суди шаҳри Хуҷанд ворид гардиданд. Тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», иҷрочиёни суд як қатор амалҳои иҷро гузаронда, баҳри таъмини иҷрои санади судӣ, молу мулки қарздор М. Ҳ. Қосимовро ба рӯйхат гирифта, қарор дар бораи ба ҳабс гирифтанро қабул намуданд. Мувофиқи талаботи моддаҳои 52 ва 53-и қонуни мазкур молу мулки таҳти ҳабс қарордошта тариқи музоядаи оммавӣ ба фурӯш гузошта шуд. Вале, бинобар ҳозир нагардидани харидорон музояда барпонашуда эълон гардид.
Иҷрочиёни суд, баъд аз анҷоми расмиёти зарурӣ, ду маротиба рӯзҳои 2 март ва 20 декабри соли 2016 такроран музояда эълон карданд. Аммо, бо сабаби ҳозир нашудани харидорон музоядаҳо барпонашуда эълон гардидааст.
Пас аз пурра гузарондани амалҳои иҷро ва ғайриимкон гардидани иҷрои минбаъда иҷрочии суд ҳуҷҷатҳои иҷроро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ситонандагон баргардондааст.
Дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» баргардондани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда барои такроран пешниҳоди ин ҳуҷҷат барои иҷро дар доираи муҳлати даъво монеъ шуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, шаҳрванд М. Холматова бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳуҷҷати иҷроро барои иҷрои маҷбурӣ, такроран бо ариза пешниҳод намояд.
А. ХОЛИҚЗОДА,
муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2018 №: 91 Мутолиа карданд: 1150