номаҳо
АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕБАРОЯД
Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22, воқеъ дар деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, 2 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар ва бо маблағгузории сокинони деҳаҳои Бурма, Меҳнат ва Чинор анҷом пазируфтанд. Ёдовар бояд шавам, ки пеш аз ин дар деҳаи Меҳнат 6 синфхона бо чунин тарз бунёд ёфта, ба истифода дода шуда буд. Таҷҳизоти таълимиро раёсати маорифи ноҳия таъмин намуд.
Ният дорем, ки ба ин тариқ як лагери истироҳатӣ низ бисозем. Чунин пешниҳоди ҷолиб аз ҷониби сокинони деҳаҳои мазкур хуш пазируфта шуд.
- Албатта, мо медонем, ки тибқи барномаҳои махсус дар ояндаи наздик мактабҳои наву замонавӣ бо тамоми шароитҳои таълимӣ бунёд меёбанд. Алҳол мушкилоти ҷузъиро ба хотири пешрафти таълиму тарбия худ рафъ мекунем, - изҳор медоранд сокинон.
Дар иҷрои ин корҳои хайр махсусан мардони саховатпешаи маҳал М. Кавраков, Б. Зиёев, М. Қизилов, Б. Саидмардонов, Х. Шоҳпӯлодов ва дигарон саҳм гирифтанд.
Ман ҳамчун раиси кумитаи падару модарони муассисаи таълимии зикршуда ба ҳамаи онҳое, ки ин иқдомҳои созандаро дастгирӣ кардаанд, изҳори сипос менамоям.
Аҳмад РАВШАНОВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2018 №: 95 Мутолиа карданд: 2741