logo

ҳуқуқ

ҲУШДОР. ПАЙРАВИ «САЛАФИЯ» ПАНҶ СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Суди ноҳияи Шоҳмансур сокини шаҳри Душанбе Олимxон Исроиловро барои пайравӣ ва тарғиби ақидаҳои равияи «Салафия», яъне ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), айбдор дониста, ӯро маҳкуми зиндон кард.
Тавре маълум гардид, судшаванда Олимxон Исроилов таълимоти равияи «Салафия» - ро, ки баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии фаъолияти экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват ва низои динию мазҳабӣ бо таъйиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст, тарғиб намудааст. Ӯ тарзу усули намозгузории равияи «Салафия» - ро дуруст шумурда, ба тарғибу ташвиқи он мепардозад ва мазҳаби «Ҳанафӣ» - ро инкор мекунад.
Судшаванда, дар маҷлиси судӣ аз кирдори содиркардаи худ изҳори пушаймонӣ карда иброз дошт, ки соли 2001 ба назди падараш Ҳайдаралӣ Исроилов ба Русия меравад. Олимхон дар Русия бо Алишер ном шахс, ки ба худ тахаллуси Салафиро гирифтааст, шинос мешавад. Ӯ баъд аз шинос шудан бо Алишер, пайрави «Салафия» шуда, таълими ин равияро ба тариқи телефони мобилӣ ба роҳ мондааст. Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш бо кирдорҳои ғайр ба масҷидҳо рафта, ақидаҳои пайравони равияи «Салафия» - ро тарғиб менамуд.
Олимхон Исроилов 26 январи соли 2018, тахминан соатҳои 13:30 дақиқа, баъди адои намози ҷумъа дар масҷиди Aл - Бухорӣ аз ҷониби кормандони ШВКД - 1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир мешавад. Ҳангоми тафтишот аз телефони мобилии ӯ саптҳои видеоии ҷангҳои Сурия ва таълимотҳои динӣ оид ба он ёфт гардид.
Суд баъди баррасии парвандаи мазкур Олимxон Исроиловро бо моддаи 3073 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор кард. Бо ҳукми суд нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо адо намудан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.             
Шарифхон САЙДАЛИЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2018    №: 96    Мутолиа карданд: 1163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед