logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо тоҷикони муқими Федератсияи Русия, 23 октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Боиси хушнудист, ки имрӯз барои дидорбинӣ бо шумо боз як фурсати муносиб пайдо гардид. Гарчанде аз мулоқоти охирини мо  мӯҳлати начандон тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, фикр мекунам, ки мо барои якдигар гуфтаниҳои зиёд дорем. 
Аввалан, бо истифода аз фурсати муносиб, ба шумо - ҳамдиёрони азиз, салому паёмҳои пурмеҳри Ватани маҳбубамонро мерасонам. Ба ҳамаатон  сиҳатмандии комил, бахту иқболи нек, хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Дар идомаи сӯҳбати дар  шаҳри Екатеринбург бо ширкати роҳбарони аксари ҷамъиятҳои тоҷикон доиргардида, пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар ин фосила дар Тоҷикистон якчанд санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла дувоздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  ҳаждаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 1310-солагии фарзанди барӯманди халқи тоҷик, бунёдгузори мазҳаби таҳаммулпазири аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуданд.
Ин ҳама дар навбати аввал ба шарофати истиқлолият, ки барои болоравии худогоҳиву худшиносии миллати тоҷик шароити мусоид фароҳам овардааст, муяссар гардид.
Дар ҳақиқат, истиқлолияти миллӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Вале барои расидан ба ин неъмати бебаҳо  моро лозим омад, ки роҳи  ноҳамвор ва пурпечутобро паси сар кунем.
Ба шарофати хиради азалӣ ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ пояҳои устувори  барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллиро гузошта, барои рушди муназзам ва устувори кишвари худ ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам орад.
Аз ин лиҳоз, барқарор сохтани  сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо, бешубҳа, бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба шумор меравад. 
Дар баробари таҳкими сулҳу субот ва рӯзгори осоишта   мо имконият пайдо кардем, ки бо мақсади таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба раванди созандагиву бунёдкориҳо вусъат бахшида, ҳамаи имконияту захираҳои худро барои татбиқи вазифаҳои бузурги таърихие, ки истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик гузоштааст, равона созем. 
Ва имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди мавҷуда мо дар самти пешрафти ҷомеа ба як қатор дастовардҳое ноил шудем, ки онҳо аз дурустии сиёсати пешгирифтаи дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон  шаҳодат медиҳанд.
Дар робита ба ин, пеш аз ҳама мехоҳам зикр намоям, ки бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории ба ормонҳои деринаи миллат ҷавобгӯ ташаккул ёфта, асосҳои аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ гузошта шуданд. 
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон, яъне – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мо ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои моҳиятан муҳим, аз ҷумла эҳёи соҳаи энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, пулҳо, нақбҳову роҳҳо, инкишофи инфраструктураи деҳот ва истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ шурӯъ намуда, дар маҷмӯъ барои рушди иқтисодии мамлакат ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем. 
Натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат буд, ки имсол ҳам бо вуҷуди хеле маҳдуд гаштани имкониятҳои давлат бар асари бӯҳрони молиявию ҷаҳонии иқтисодӣ якчанд иншооти муҳими дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Пурра ба кор андохта шудани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ифтитоҳи нақби мошингарди Шаршар, бори аввал ҷамъоварӣ намудани зиёда аз 1 миллион тонна ғалла аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими имсола мебошанд, ки дар қатори дигар муваффақиятҳои даврони истиқлолияти миллӣ моро ба ҳадафҳои стратегии худ наздик мегардонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунон ки медонед, тайи даҳсолаҳои охир зери таъсири якчанд омилҳои берунию дохилӣ Тоҷикистон ба падидаи муҳоҷират, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ,  ки  имрӯз ба раванди ногузири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, рӯ ба рӯ гардид.
Дар вохӯрии гузашта  ман дар ин мавзӯъ ба таври муфассал изҳори ақида намуда будам ва фикр мекунам, ки ҳоҷат ба такрор нест.
Фақат хотирнишон карданӣ ҳастам, ки дар баробари вусъат ёфтани   муҳоҷирати меҳнатӣ бинобар ҷаҳонишавии бозори меҳнат дар кишвари мо ақибмонии  сатҳи таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши ҳамасолаи теъдоди захираҳои меҳнатӣ омилҳои асосии такондиҳандаи ин раванд мебошанд.
Дар ин раванд Ҳукумати Тоҷикистон ба танзими давлатии бозори меҳнат, аз ҷумла содироти қувваи корӣ диққати махсус дода, бо ҳадафҳои стратегияи умумии инкишофи иқтисодиёти кишвар мутобиқ гардонидани ин ҷузъи муҳими иқтисодиёти миллиро пайваста амалӣ гардонида истодааст.
Ҳадафи мо дар ин самт дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ мондани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳбудии вазъи онҳо,  фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчи васеътар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ  дар дохили кишварамон мебошад.
Албатта,  фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи  кишвар дар баробари манфиати муайяни иқтисодӣ  ҷанбаҳои дигари судманд низ дорад. Аз ҷумла, онҳо доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонида, бо забон, маданияту фарҳанги дигар халқу миллатҳо аз наздик ошноӣ пайдо менамоянд, касбу ихтисосҳои гуногуни муосирро  соҳиб гашта, пас аз баргаштан ба Ватан малакаву таҷрибаи кории бадастовардаашонро ба манфиати ҷомеа истифода мебаранд. Вале ин маънои онро надорад, ки давлат падидаи муҳоҷирати меҳнатиро, ки аҳамияти махсуси иҷтимоӣ дорад, ҳамчун воситаи муҳими таъмини шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии мамлакат арзёбӣ менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ на ҳама вақт ҷавобгӯи манфиатҳои миллии кишвар буда, дар он чандин ҷанбаҳои манфии иҷтимоиву сиёсӣ низ нуҳуфтааст. Ин аст, ки ҳангоми таҳия ва қабули барномаҳои шуғли аҳолӣ Ҳукумати Тоҷикистон ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ афзалият дода, ба масъалаи фаъолияти меҳнатии берунии шаҳрвандон, пеш аз ҳама аз мавқеи танзими ин раванд дар сатҳи давлатӣ ва роҳ надодан ба маҳдудгардонӣ ё халалдоршавии ҳуқуқу озодиҳои онҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунияти раванди муҳоҷират муносибат менамояд. Ин тадбирҳо бахусус дар шароити бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, ки таъсири манфии худро ба бозори меҳнат низ расонидааст, аҳамияти хоса доранд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ихтисори ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнати Федератсияи Русия, ҳамчунин ихтисори квотаҳои ҷалби қувваи корӣ аз хориҷа ва дигар тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Федератсияи Русия  қисми муайяни муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд. Ин аст, ки масъалаҳои танзими бозори меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мадди аввали сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон баромаданд.
Чанде пеш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” оид ба масъалаҳои таъини кӯмакпулӣ барои бекорон, ҷудо намудани ҷойҳои корӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати  иҷтимоӣ осебпазир ва масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар танзими бозори меҳнат тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки ба татбиқи самарабахши сиёсати давлат дар ин самт тақвият  мебахшанд. Дар баробари ин, ҳоло бо дарназардошти вазъи воқеии бозори меҳнат, лоиҳаи Стратегияи нави давлатӣ доир ба бозори меҳнат таҳия шуда истодааст, ки то охири соли ҷорӣ мавриди баррасии Ҳукумати мамлакат қарор хоҳад гирифт. 
Вобаста ба ворид гаштани қувваи кории муҳоҷирони меҳнатӣ ба бозори меҳнат низ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, ки масъалаи бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани онҳо дар барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат зикр гардидааст. Суръатбахшӣ ба ҷараёни таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои сохтмон, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои мутобиқ гардонидани малакаи қувваи корӣ ба талаботи бозори меҳнат, ба хоҳишмандон ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкорӣ ва таъмини худиштиғолӣ, ташкили корҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи чораҳое мебошанд, ки имрӯзҳо амалӣ шуда истодаанд ва ба таъмини босамари шуғли аҳолӣ ва паст намудани шиддати бозори меҳнат нигаронида шудаанд. 
Бояд зикр кард, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои мазкур аллакай натиҷаҳои умедбахш ба даст оварда шудаанд. Тавре ки дар суханронии худ дар шаҳри Екатеринбург қайд карда будам, соли сипаришуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 100 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ё барқарор карда шуданд. Аз ин теъдод  қариб 16 ҳазор ба соҳаи кишоварзӣ, зиёда аз 14 ҳазор ба сохтмон, 9 ҳазор ба саноат ва энергетика, қариб 48 ҳазор  ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ рост меояд.
Ҳамчунин, зимни Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи таъсис ва нигаҳдории ҷойҳои корӣ барои давраи то соли 2015 дар назар дошта шудааст, ки соли равон то 180 ҳазор ва ҳар соли минбаъда на камтар аз 100 ҳазорӣ ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қатори дигар корҳо инчунин ба бонкҳо супориш дода буд, ки талаботи муҳоҷиронро ба инобат гирифта, шакли нави қарздиҳиро ба роҳ монанд.
Дар се соли охир аз ҷониби бонкҳо ба 44700 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барои хариди чипта ва пӯшонидани хароҷоти дигар 86 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин маблағ 77 миллион сомонӣ баргардонида шудааст.
Албатта, ин раванди нав аст ва шумораи қарзгирон ҳоло он қадар зиёд нест, вале муҳим он аст, ки имрӯз ниёзмандон имкон доранд аз ин намуди хизматрасонии бонкҳо истифода кунанд. Аз ибтидои соли ҷорӣ дар Маркази таълими калонсолон ва бахшҳои минтақавии он зиёда аз 4 ҳазор нафар бекор ихтисосҳои гуногунро аз худ кард ва то охири сол боз 9 ҳазор нафар шаҳрванд ба таълими касбӣ фаро гирифта мешавад. Дар ин Марказ, ки соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, зиёда аз 45 номгӯй ихтисоси барои бозори меҳнати дохилию хориҷӣ зарур омӯхта мешавад. Бо дарназардошти он, ки муассисаи мазкур бахши муҳими  таълими тахассусӣ ва бозомӯзии захираҳои меҳнатӣ ба шумор меравад, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик имкониятҳои таълимии он боз ҳам васеътар гардонида мешаванд.
Илова бар ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар заминаи муассисаҳои касбию техникии мавҷуда курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва такмили ихтисосро таъсис диҳанд. Зеро масъалаи рушди сифатии захираҳои меҳнатии кишвар ва барои кор дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба тайёр кардани онҳо худ як низоми фарогир буда, на танҳо аз таълими касбу ихтисос иборат аст, балки омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ва  ба  муҳоҷирони меҳнатӣ  додани маълумоти умумиро дар бораи хусусиятҳои фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти кишвари қабулкунандаи онҳоро талаб мекунад. Ҳамзамон, бо дарназардошти воқеият, ҷавҳари сиёсати давлати моро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳое ташкил медиҳанд, ки ба бартараф намудани падидаҳои манфии дар ин самт ҷойдошта равона гардидаанд. 
Дар робита ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои танзими муҳоҷират ва гирифтани пеши роҳи содироти ғайримуташаккили қувваҳои корӣ диққати махсус медиҳад ва ба ин кор дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар имкониятҳои ҷомеа ҷалб карда шудаанд. Ташаккули асосҳои қонунӣ ва механизмҳои иқтисодии муҳоҷират, таъсис додани низоми мувофиқашудаи қабул ва интиқоли муназзами захираҳои меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо минтақаҳои қабулкунандаи қувваҳои кории Тоҷикистон самти дигари  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. 
Тавре ки зикр шуд, аксари муҳоҷирони меҳнатии мо дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, ки Тоҷикистон бо онҳо ҳамкории гуногунҷабҳа дорад.
Аз ин рӯ,  дар доираи муносибатҳои густурда бо ин кишвари дӯст ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан муфид дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хоса медиҳад. Ҷиҳати татбиқ ва такмили заминаи ҳуқуқии ин ҳамкорӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ, дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти дар ин самт мавҷуда пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, чанде пеш дар шаҳри Қазон ҷаласаи якҷояи роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он вазъи ҳамкории тарафҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ, қонунӣ гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқии ин раванд муҳокима гардиданд.
Дар робита ба ин, моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба татбиқи ин санади муҳими байниҳукуматӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори тарафҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ташкили кор ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти муҳоҷирати тарафҳо ҷиҳати ҷалби қувваҳои кории Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, тавассути марказҳои махсуси қабул кардан ва бо кор таъмин намудани онҳо, муоинаи тиббӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба  танзими равандҳои муҳоҷират баррасӣ шуданд. Дар айни ҳол Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои навтаъсиси хизматрасонии комплексӣ ва ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо ташаббуси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар минтақаҳои гуногуни он ташкил карда шудаанд, созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Бешубҳа, татбиқи муқаррароти созишномаҳое, ки бо Маркази мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатии Поволже, Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловск, Агентии ҷумҳуриявии шуғл ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тотористон ба тасвиб расидаанд, дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои ҳамкории моро бо Федератсияи Русия ва субъектҳои алоҳидаи он васеъ гардонида, ба ҳалли бисёр  масъалаҳои  танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар самти ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи  муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмаку дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мо саҳми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикистониёнро, ки  ҳамватанони мо  дар бисёр минтақаҳои Русия созмон додаанд, доимо қадр мекунем ва ба муассисону аъзои фаъоли онҳо арзи миннатдорӣ менамоем.Ҷамъиятҳои тоҷикон дар баробари татбиқи ҳадафҳои оинномавии худ, ки асосан аз фаъолияти маърифатию маданӣ, ташвиқу тарғиб ва муаррифии фарҳанги миллӣ, забон ва урфу одати халқи мо дар ҷомеаи давлати иқомати худ иборатанд, ҷиҳати танзими будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар хусуси вазъи кунунӣ ва фаъолияти ин ташкилотҳо, инчунин мушкилоту масъалаҳо ва кори самараноки онҳо мо дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагон ва фаъолони ҷамъиятҳо дар шаҳри Екатеринбург мубодилаи афкор намуда будем ва аз проблемаҳои ҷойдошта дар ин самт хуб огоҳем.
Дар робита ба ин қайд карданӣ ҳастам, ки рушду таҳкими робитаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву гуманитарӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз мо бо дарназардошти зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамватанону тоҷикони хориҷи кишвар ва бо мақсади ҷалби самараноки онҳо ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи бештари имкониятҳои зеҳнию моддии тоҷикистониёни муқими Русия пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем.
Дар айни ҳол, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва марказҳои фарҳангии онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки якҷоя бо ташкилотҳои байналхалқӣ ба таҳияи лоиҳаи Консепсияи ҷалби чунин созмонҳои  муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун шарики рушд машғул аст. Мақсад аз таҳия ва қабули ин санад, пеш аз ҳама, такмили сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими робита бо ҷамъиятҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҳамкорӣ бо онҳо, таъмини ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, ҳавасмандгардонии онҳо барои иштирок дар татбиқи барномаҳои иқтисодӣ ва дигар иқдомҳои нек мебошанд.  
Ҳамчунин, бо мақсади натиҷагирӣ аз вохӯрии Екатеринбург Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафорат, консулгариҳо ва дигар намояндагиҳои мақомоти давлатиро, ки дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд, вазифадор кардааст, ки корро дар самти ба роҳ мондани алоқаи доимӣ  бо ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва мусоидат намудан ба таҳкими фаъолияти онҳо ҷоннок гардонанд. Ин аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати мунтазам ташкил намудани вохӯриву мулоқоти ходимони илму маориф, фарҳанг ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ бо ҳамватанони мо дар Русия, ба роҳ мондани омӯзиши забони тоҷикӣ, фарҳанг ва таърихи миллӣ, инъикоси фаъолияти ташкилотҳои онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар, таъмини онҳо бо китобҳои илмиву бадеӣ ва дарсӣ бо забони тоҷикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.    
Мо ба ин восита мехоҳем, ки  муҳити шумо  бо забони модарӣ, фарҳангу маданият ва урфу одатҳои тоҷикӣ зинда бошад. Зинда нигоҳ доштани забони модарӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар кадоми шумо буда, ба ин васила метавонед фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоед. Ин амр имкон медиҳад, ки онҳо бо ахлоқу одоби ҳамида, ки яке аз хосиятҳои миллати тамаддунофари мо мебошад, ба камол расида, дар оянда ба халқу миллат ва Ватани азизамон-Тоҷикистон хизмат намоянд. Дар баробари ҳамаи ин, вақти он расидааст, ки доир ба ҳамасола ҷудо кардани квотаҳои президентӣ барои таҳсили фарзандони шумо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тадбирҳо андешем.
Тавре ки борҳо таъкид кардаем, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи шумост ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагӣ ҳамеша дар фикри ҳар як фарди тоҷик мебошад ва барои дастгириву ҳаллу фасли мушкилоти онҳо доимо омода аст.
Дар навбати худ ба ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз зарур аст, ки ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед ва дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатро нигоҳ доред. Зеро  беэътиноӣ нисбат ба ҳамватанони худ, аз манфиати миллат боло гузоштани манфиати шахсиву гурӯҳи алоҳида, ноиттифоқию тафриқаандозӣ ва амалҳои дигари номатлуб ҳеҷ вақт ба нафъи ваҳдати миллӣ набуда, аз ҷумлаи он тамоюлҳое мебошанд, ки қадру манзалати миллатро паст мезананд ва ба зеҳният, ҳолати моддиву маънавӣ ва равонии ҳар як фарди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилӣ, таъсиси сохторҳои ҷамъиятии қобили фаъолияти муфид, бозсозии тақвияту тавсеаи фаъолияти созмонҳои мавҷуда ва рафъи падидаҳои номатлуб дар кори онҳо пеш аз ҳама вазифаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам, яъне роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон  мебошад. Ва итминон дошта бошед, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кор ҳамеша пуштибон ва мададгори шумост. 
 Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ваҳдату ягонагӣ омили муҳими эътибору сарбаландии миллат аст. Тоҷикистон барои ҳамаи мо азиз аст ва соҳиби эътибору обод гардонидани он қарзи фарзандии ҳар як фарди худшинос ва бонангу номуси миллат мебошад. 
Итминон дорам, ки мо ҳама якҷоя минбаъд низ пешрафту тараққиёти устувори давлати соҳибистиқлоламонро таъмин намуда, онро ба кишвари мутараққӣ табдил медиҳем. Бо ҳамин ниятҳои нек барои иштироки шумо изҳори миннатдорӣ намуда,  ба ҳамаатон сиҳатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед