порлумон
БОЗ ЯК ИҚДОМ ДАР ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Минбаъд пешниҳоди эъломия аз даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатӣ, хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» анҷом дода мешавад.
Ин нукта зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз ҷониби Ҷумъахон Давлатзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба вакилони мардумӣ ироа гардид. Бино ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65-и нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 авгус-ти соли 2013 тасдиқ гардидааст, бо мақсади такмили механизми эъломиясозии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ, аъзои оилаи онҳо ва эъломияи даромадҳои шахсӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони мансабдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.
- Баъд аз қабули лоиҳаи мазкур таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо низоми эъломиякунонии даромадҳо ва манфиатҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонда шуда, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия мустаҳкам ва дар ин соҳа мониторинги давлатӣ ҷорӣ карда мешавад, - гуфт Ҷумъахон Давлатзода.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2018 №: 98 Мутолиа карданд: 5474