президент
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ
24 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба омодагӣ ба интихоботи порлумон, ба намояндагии мақомоти маҳаллӣ, пешбарии номзадҳо, инчунин таъмини фазои озоду шаффофи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ андешаронӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ баҳри дар сатҳи баланду шаффоф ва озоду демократӣ ҷараён гирифтани интихоботи дарпешистода, ҳамзамон ба мақомоти олии қонунбарори мамлакат шомил шудани фарзандони сазовору содиқи Ватан талош меварзад.
Аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар чаҳорчӯби Конститутсия барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ амал намоянд ва ин маъракаи сиёсиро бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират, намунаи олии ваҳдату ҳамбастагии миллӣ, қабл аз ҳама дар рӯҳияи баланди ватанпарастию саҳмгирӣ дар ободию пешрафти Тоҷикистони навин истиқбол гиранд.
Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки анҷумани даҳуми ҲХДТ 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3887