ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродбой Муслимов, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Соли 2002, замоне ки фарзанди хурдиам Фарҳод 15 сола буд, мағозаи китобфурӯшиамро ба ӯ ҳадя намуда, ба фарзанди калониам Зафар маслиҳат додам, ки то калон шудани бародараш кори мағозаро роҳбарӣ намояд. Баъд аз 16 сол, 2 октябри соли 2017 Зафар ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) барои ба номи худаш гузарондани мағоза бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардааст. Оё ин даъво асос дорад?
Ҷамшед РАҲМОНОВ,
шаҳри Бохтар
Аз нигоҳи қонун моликиятдории мағоза ва пешбурди кори мағоза ҳар ду ҳолати алоҳида мебошанд. Яъне, агар Фарҳод тибқи шартномаи ҳадя молики мағоза бошад, аммо кори тиҷоратии мағозаро Зафар анҷом диҳад, ин ҳолат барои ҳуқуқи моликиятии Фарҳод ягон таъсири манфӣ намерасонад. Зафар дидаву дониста, ки мағоза тибқи шартномаи ҳадя дар ҳуқуқи моликиятии Фарҳод қарор дорад, пешбурди тиҷоратро анҷом додааст ва дар муддати 16 сол оид ба иродаи падараш, яъне, ҳадя шудани мағоза ба бародараш Фарҳод норозигӣ баён накардааст. Аз ин рӯ, барои беэътибор донистани шартномаи ҳадяи ҳанӯз 16 сол қабл басташуда ягон асоси воқеӣ дида намешавад.
* * *
- Дар шаҳодатномаи таваллуди фарзандам номи ман нодуруст сабт гардида, айни ҳол бо сабаби номувофиқатӣ дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият баъзе монеаҳо ба вуҷуд омада истодаанд. Барои ислоҳ кардани ин иштибоҳ ба куҷо муроҷиат намоям?
Гулпарӣ СУЛТОНОВА,
ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар ин ҳолат шумо метавонед тибқи талаботи моддаи 269 - и Кодекси мурофиаи граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оид ба муқаррар намудани ҳолати хешовандӣ ва ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии фарзандатон бо ариза ба суд муроҷиат намоед. Вақте бо ҳалномаи суд ҳолати модари фарзандатон будани шумо муайян мегардад, он барои ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос хоҳад шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.05.2018 №: 99 Мутолиа карданд: 1067