logo

номаҳо

ФАЙЗОБОД. КУҶО ШУД ШУҲРАТИ КАРТОШКАПАРВАРӢ?

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар се  совхози ноҳия -  «Қалъаидашт-1», «Қалъаидашт -2» ва  ба номи Дзержинский соле зиёда аз 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол мегардид. Файзобод дар картошкапарварӣ шуҳрати хосса дошт. Пӯлод Абдураҳмонов, аввалин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дар ноҳия, ҳосилнокии картошкаро аз ҳар  гектар ба 500 - сентнерӣ расонда буд. Картошкапарварони дигари минтақа, монанди Давлат Искандаров,  Неъматулло Ашрафов,  Аббос Раҳимов, Муҳсиддин Сайфиддинов аз ҳар гектар 400 – 450 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоварданд.
Ҳоло бо вуҷуди фаровонтар шудани шароиту имкониятҳои кишт чунин дастовардҳо хеле кам ба чашм мерасанд. Чаро? 
Ба гуфтаи Аскар Саидов, раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт, сабаби асосӣ ба истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, аз ҷумла дар ҷамоати мазкур, мебошад.  Аксари иҷоракорон заминро барои гирифтани хӯроки чорво ва ҷаву гандум истифода бурданд. Баъзеҳо бо ҳар роҳу восита аз 1 то 5 гектар заминро бо баҳонаи иҷора гирифтан   ғасб кардаанду дар он ба ҷои картошка зироати дигар мекоранд ё ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд.
Бо сабаби аз дасти деҳқони асил рафтани заминҳои обию ҳосилхез ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳия коҳиш ёфта, нархи он боло рафт.
Ҳоло ягона хоҷагии картошкапарвар КВД ба номи Абдулвоҳид Назиров  мебошад, ки ҳар сол дар 400 – 500 гектар картошка кишт мекунад. Хоҷагӣ имсол бо дастури Сарвари давлат аз мавзеи Канаски минтақаи Ромит бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии  картошка 18 тонна тухмии хушсифат  харид.
Азбаски хоҷагиҳои калон заминҳои хешро ба иҷора додаанд, дасти картошкапарварони асил барои истифодаи самараноки майдонҳои кишт кӯтоҳ гардид. Дар се ҷамоати деҳоти калони картошкапарвари ноҳия -  «Қалъаидашт», «Чашмасор» ва «Саховат» ҳамагӣ дар 68 гектар картошка кишт шудааст.
Агар чунин ҳол давом ёбад,  баъди чанде  картошкаи истеҳсолшуда барои таъминоти аҳолии ноҳия ҳам  кифоят намекунад. Масъулон барои ҳалли ин масъала кай тадбир меандешанд? Ин суолест матраҳ.
Убайдулло РАҲИМОВ,Ҷӯрабек МУЪМИНОВ,
ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 2570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед