logo

ҳуқуқ

НИГАРОНӢ АЗ ОВОРАГАРДӢ ТО СУИҚАСД БА ҶОНИ ХУД

Худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёти инсон рух медиҳанд ва таъсири равонӣ низ дар пай доранд. Ба андешаи ҷомеашиносон, ин амал дар зеҳни одамон, бавижа ноболиғону ҷавонон, дар натиҷаи номутобиқатии равонию иҷтимоӣ ва ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ пайдо мешавад.  Вобаста ба ин ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишери Исроил дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» андешаҳояшро чунин баён дошт:
- Бо мақсади пешгирии ҳуқуқ-вайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муайян ва дастгир намудани ноболиғони оворагард, аз мактаб дурмонда, пешгирии ҳолатҳои дарсшиканӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД тибқи нақша – чорабиниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотиро дар мамлакат роҳандозӣ карданд. Мутаассифона, бо вуҷуди ин, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон кам нагардидааст.  Масалан, дар чор моҳи соли равон 18 ноболиғ даст ба  худкушӣ зад. Гузашта аз ин, дар ҳамин давра 17 ҳолати худовезӣ ва як ҳолати худсӯзӣ сабт гардид, ки боиси нигаронист. Ба назари коршиносон ва таҳлилҳои анҷомдодаи мо чунин ҳодисаҳо бештар дар асоси муноқишаҳои оилавӣ, мунтазам паст задани шаъну шарафи кӯдак, рӯҳафтодагӣ ва дигар амалҳои ба ҳаёту зиндагии онҳо рабтдошта сурат мегиранд.
Дар иртибот ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 1930 рейд ва амалиёти муштарак гузаронда шуд. Дар натиҷа 5062 ноболиғ, аз ҷумла 1429 нафар бо оворагардӣ, 159 талбандагӣ, 122 кашидани бор дар бозорҳо, 98 ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофирбар, 1278 нафар дар вақти дарс машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оварда шуданд.
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба падару модарон ва масъулон 6234 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Дар ин давра аз 2128 падару модар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд  иҷро накардаанд, ба маблағи 282370  сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Ҳамзамон, 547 нафар огоҳӣ гирифта, айни ҳол 3559 мавод мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад.  
Ба назари мо, барои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, пеш аз ҳама, падару модарон, омӯзгорон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа бояд  бо воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд. Зеро пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори танҳо мақомоти дахлдор набуда, саъю талоши дастаҷамъонаро тақозо дорад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2018    №: 99    Мутолиа карданд: 1124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед