қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 436; с. 2013, № 3, мод. 189, № 11, мод. 784; с. 2016, № 5, мод. 367) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати бистуми моддаи 2 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Аз моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Моддаи 461 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 461. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
1. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.
2. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оғоз мегардад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1535
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2018, №1047
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 544
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 1374