қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 616; с. 2016, № 3, мод. 147) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Аз сархати шашуми моддаи 4 калимаҳои «интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ,» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- дар сархати нуҳум калимаи «бистсолаашонро» ба калимаи «ҳаждаҳсолаашонро» иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд;».
4. Дар номи боби 4, ном ва қисми 1 моддаи 12, ном ва матни моддаи 16 калимаҳои «ТАНЗИМ» ва «танзим» мувофиқан ба калимаҳои «БАРРАСӢ» ва «баррасӣ» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кўдакро баррасӣ мекунанд
1. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кўдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.
2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1532
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2018, № 1054
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 541
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 2172