қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 499; с. 2003, № 12, мод. 700; с. 2007, № 5, мод. 375; с. 2008, № 6, мод. 467; с. 2012, № 7, мод. 711) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» ва «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сию дуюми моддаи 3, сархати сездаҳуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8, қисми якуми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми якуми моддаи 20 ва матни моддаи 21 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 3 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маводи дорувории асосӣ – маводи доруворие, ки талаботи афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонанд.».
5. Аз сархати сеюми моддаи 5, қисми чоруми моддаи 16, қисми сеюми моддаи 26 ва қисми дуюми моддаи 29 калимаи «нигаҳдории» хориҷ карда шавад.
6. Ба моддаи 6 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- Тартиби бақайдгирии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рўйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- Тартиби пешбурди феҳристи давлатии нархи ниҳоии фурўши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рўйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, муайян менамояд;».
7. Дар матни моддаи 7 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба калимаҳои «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1531
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1013
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 540
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 2687