қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат – дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шўроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ дода мешаванд;»;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «дифои» ба калимаи «ҳимояи» иваз карда шавад.
2. Дар сархати бистуми моддаи 1, сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 4 ва сархати дуюми моддаи 5 калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 6 моддаи 10 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
5. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи «аспирантура» калимаҳои «, докторантура аз рўи ихтисос,» ва пас аз калимаи «докторантура» калимаҳои «ва постдокторантура» илова карда шаванд.
6. Қисми 3 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад.».
7. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаҳои «ва доктори илм» ба калимаҳои «, доктори илм ва доктори ҳабилитат» иваз карда шаванд;
8. Ба қисми 2 моддаи 20 пас аз калимаҳои «доктори илм» калимаҳои «ё доктори ҳабилитат» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1530
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1009
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» - ро баррасӣ намуда қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 539
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 2275