қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 3 - 4, мод. 62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод.127; с. 2000, №11, мод. 535; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 260, мод. 263; с. 2003, № 4, мод. 141; с. 2014, № 11, мод. 658; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1111) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 7 ва сархати ёздаҳуми моддаи 9 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати якуми моддаи 10, қисми якуми моддаи 14 ва қисми якуми моддаи 39 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 15 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.».
4. Дар қисми якуми моддаи 22, қисми якуми моддаи 24, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 32, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 36 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
5. Дар матни моддаи 34 калимаҳои «ҳимояи судӣ» ва «ҳақ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳимояи судии» ва «ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1522
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2018, № 1031
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 531
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 2317