қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7 - 8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, №5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 - 2, мод. 4), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 116:
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «даъвои гражданӣ» ва «дархост» мувофиқан калимаҳои «, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ» ва «пешниҳод» илова карда шаванд;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 245 ва сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 247 пас аз калимаҳои «таъмини даъвои гражданӣ» калимаҳои «, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ» илова карда шаванд.
3. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 262 пас аз калимаҳои «ҷиноят расонида шудааст» калимаҳои «, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ» илова карда шаванд.
4. Ба ном ва матни моддаи 267 пас аз калимаҳои «даъвои гражданӣ» ва «ҷиноят расонидашуда» калимаҳои «, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ» илова карда шаванд.
5. Аз сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 335 калимаҳои «барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1516
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 апрели соли 2018, № 1066
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 525
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2018 №: 100-101 Мутолиа карданд: 2549