номаҳо
РЕКЛАМА. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Фарҳангу маданияти шаҳрнишинӣ аз сокинони пойтахт тақозо менамояд, ки бо одобу рафтор ва муносибати хоссаи худ фарқ кунанд, барои тозагию озодагӣ, зебоӣ ва ободонии пойтахт талош варзанд. Мутаассифона, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзеҳо бо насби эълону рекламаҳои бетартибу худсарона ҳусни зебои Душанбешаҳрро доғдор месозанд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки соли 2003 қабул шудааст, яке аз намудҳои реклама рекламаи хизматрасониҳо мебошад. Яъне шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ фаъолияти хизматрасонии худро ба реклама мегузоранд. Новобаста аз он ки қонун тартиби истеҳсол, паҳн намудан ва доираи субъектони рекламаро муқаррар намудааст, аз мушоҳидаи роҳравҳои пойтахт бармеояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррароти қонунро сарфи назар карда, худсарона ва бетартибона хизматрасониҳои худро реклама мекунанд. Ҳатто болопӯши биноҳои кории баъзе идораҳои масъул макони чунин рекламаҳои худсарона қарор гирифтаанд. Дар роҳравҳои боғҳо ва канори роҳҳои мошингард низ чунин рекламаҳо хеле зиёданд, ки ҳам табъи бинандаро хира мегардонанду ҳам ба зебоии пойтахт халал мерасонанд. Қариб ҳамаи ин намуди рекламаҳо дар бахши хизматрасонианд. Аз ҳама маъмулу паҳншудатарини онҳо рекламаҳои хизматрасонии компютерӣ, насби антенаҳои моҳвораӣ, омӯзиши забонҳо, таъмиру сохтмони хонаю ҳавлӣ, корҳои электрикию сантехникӣ мебошанд. Дар хиёбони Рӯдакӣ аз истгоҳи «Шимол» то «Вокзали роҳи оҳан» сутунпояи чароғе нест, ки дар он ду – се рекламаи худсарона дида нашавад.
Чаро соҳибони рекламаҳои худсарона аз рекламаҳои расмӣ (плакатҳо, стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар) истифода намебаранд ва чаро мақомоти ваколатдори соҳа пеши роҳи чунин амалҳоро намегиранд?
Шаҳре, ки ойинаи Тоҷикистон аст ва рӯз аз рӯз шукуфтан дорад, магар ба чунин муносибат лоиқ аст? Албатта, не. Пас, биёед дар тозагии хонаи худ бетараф набошем!
Фаридун БОБОХОНОВ,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2018 №: 105 Мутолиа карданд: 2915