ҳуқуқ
РАШК ҶАВОНИ 24 - СОЛАРО БА МАҲКАМА БУРД
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шоҳрух Халифаеви 24 - сола, зодаи шаҳри Кӯлобро, ки аз эҳсоси рашк ба кирдори ҷиноятӣ даст задааст, маҳкум ба зиндон кард.
Номбурда 17 январи соли ҷорӣ даст ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ задааст. Ӯ ҳангоми дар кӯчаи Дилкушои шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ ба ноболиғ Мунаввархон Шукурова дарафтода, ӯро дашном медиҳад. Шоҳрух ба ин қаноат накарда, бо истифода аз корди хоҷагидорӣ ба М.Шукурова ҳамлавар мешавад, ки дар натиҷа боиси захм бардоштани ноболиғ мегардад.
Зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ Шоҳрух Халифаев худро дар содир намудани кирдори авбошӣ гунаҳгор ҳисобида, изҳор дошт, ки ӯ дар ҷои кораш, маркази савдои «Ганҷина»- - и пойтахт бо Мунаввархон Шукурова, ки худашро Лайло муаррифӣ кардааст, шинос шудааст. Тавре маълум шуд, як рӯз ҷабрдида бо мақсади харидани телефони мобилӣ ба дукони ӯ меояд, ки шиносоияшон аз ҳамон лаҳза оғоз шуда, байнашон тамоси телефонӣ барқарор мегардад.
Шоҳрух Халифаев, ки дар оянда бо Мунаввархон мақсади барпо кардани оиларо дошт, баъд аз муддате шубҳа мекунад, ки ӯ бо додараш Хисрави Нарзуллоҳ низ пинҳонӣ муносибат дорад. Ҳарчанд Мунаввархон ва Хисрав исрор меварзанд, ки муносибат надоранд, вале дар асл чунин набуд. Баъди чанд вақт Шоҳрух пай мебарад, ки додараш ба назди Мунаввархон рафта истодааст. Барои исботи шубҳаи доштааш аз устои дуконашон Маҳмадлатиф ном шахс хоҳиш мекунад, ки аз паси ӯ таъқиб кунад. Номбурда ҳангоми таъқиб онҳоро дар назди бозори «Ҷал-Ҷам» дида, ба Шоҳрух дар ин бора хабар медиҳад. Судшаванда аз шунидани ин хабар ба ғазаб омада, бо мақсади тарсондани Мунаввархон як адад корди хоҷагидориро гирифта, ба он ҷо меравад. Хисрав ба бародараш мегӯяд, ки ӯро Мунаввархон ба наздаш даъват кардааст. Мунаввархон бошад, эътироз мекунад, ки ба муносибати онҳо кор нагирад. Дар ҳамин ҳол Шоҳрух аз суханони ӯ ба ғазаб омада, корди хоҷагидориро аз ҷайбаш бароварда, як маротиба ба қисмати бағали Мунаввархон мезанад. Сипас, ба замин афтидани ӯро дида, ба Маҳмадлатиф занг зада хоҳиш мекунад, ки мошини кироя биёрад, то ки ӯро ба беморхона баранд. Баъди ба маркази тиббии шаҳрии №1 - и пойтахт бурдан ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир мешавад.
Суд баъди баррасии парванда Шоҳрух Халифаевро бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуда, ба муҳлати 3 сол равонаи зиндон кард.
А.ҲАМДАМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2018 №: 105 Мутолиа карданд: 1192