ҳуқуқ
МАРЗБОНОНИ ТОҶИК КАФИЛИ АМНУ СУБОТИ ФАРОТАР АЗ КИШВАРАНД
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдат, таъмини осоиши мардум нақши намоён дорад. Мо ифтихор аз он дорем, ки на танҳо сарҳади давлатии худ, балки марзҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоро низ аз таҳдиди хатарҳо ҳифз мекунем.
Ин нуктаро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ баён намуд. Дар чорабинии идона, ки ба муносибати 24 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар «Кохи Шараф» - и маркази таълимии «Пойтахт» барпо гардид, фармондеҳон, афсарону сарбозон ва собиқадорони неруҳои марзбонии кишвар иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиш ба нақши фаъоли Қӯшунҳои сарҳадӣ дар амри мубориза бо қочоқчиён, пешгирии убури ғайриқонунии марз ва дигар таҳдиду хатарҳо баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки аз ибтидои фаъолият то имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ 2397 ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ сабт гардида, вобаста ба убури ғайриқонунии марз 415 парванда оғоз шудааст. Дар ин давра 602 амалиёт анҷом ёфта, 459 задухӯрди мусаллаҳона ба миён омадааст. Инчунин, 439 қочоқчию марзшикан дастгир шудаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонони тоҷик аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, зиёда аз 20 тонна навъҳои гуногуни маводи нашъаовар ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.
Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорон, афсарону сарбозони далеру шуҷои Қӯшунҳои сарҳадиро бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карданд.
Бояд зикр кард, ки дар зарфи панҷ соли охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба 105 хизматчии Қӯшунҳои сарҳадӣ хонаи истиқоматӣ тақдим карда шудааст.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2018 №: 105 Мутолиа карданд: 1141