ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо, Садриддин Саидов раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман дар масоҳати 1,87 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ дорам. Дар оғоз саҳмдорони хоҷагӣ 8 - нафар буданд. Баъди як сол бо сабаби заминро истифода набурданашон, мутобиқи қонунгузорӣ, бо протоколи маҷлиси умумии аъзои хоҷагӣ онҳоро аз аъзогӣ озод намудем. Баъд аз чор сол бо қарори суди иқтисодӣ онҳо саҳмдориашонро барқарор карданд. Дар ин муддат ман дар қитъаҳои аз онҳо озодшуда боғ бунёд кардам ва ҳоло дарахтон боровар шудаанд. Оё ман барои баргардондани маблағи сарфкардаам ҳуқуқ дорам?
Саидмурод ОБЛОҚУЛОВ,
ноҳияи Шаҳринав
Дар ин маврид, бояд пеш аз ҳама ҳолати корро мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки то чи андоза шумо аъзои хоҷагиро қонунӣ аз узвият озод намудаед. Зеро агар аз ҷониби суди иқтисодӣ қарори шумо вобаста ба хориҷ намудани аъзои хоҷагӣ бекор гардидаву саҳмдории онҳо барқарор шуда бошад, аз ғайриқонунӣ қабул намудани қарори шумо дар ин бора шаҳодат медиҳад.
Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ шумо ҳуқуқ доред, ки барои баргардондани маблағи сарфкардаатон бо ариза ба суд муроҷиат намоед.
- Бо ҳамсарам як сол боз зиндагии якҷоя надорем. Феълан, ӯ дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад ва барои бекор кардани ақди никоҳамон забонхат фиристодааст. Оё дар асоси ҳамин забонхат метавонам ақди никоҳамонро бекор созам?
Х. АЗИМОВ,
ноҳияи Данғара
Дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифтани бекоркунии ақди никоҳ дар ҳолате иҷозат дода шудааст, ки агар зану шавҳар фарзандони ноболиғ надошта бошанд. Шумо дар асоси ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ ба идораи САҲШ - и маҳали зистатон муроҷиат менамоед ва суроғаи ҳамсаратонро нишон медиҳед. Агар дар рӯзи таъйиншуда ҳамсаратон ба САҲШ ҳозир нашавад, ба шумо мактуби рад кардани бекоркунии ақди никоҳ дода мешавад. Ин мактуб ба шумо ҳамчун асос барои даъво ба суд ҷиҳати бекор кардани ақди никоҳ шуда метавонад. Дар суд ҳамсаратон метавонад, ки аз ҳуқуқи мурофиавии худ истифода бурда, ба суд ҳозир нашавад ва намояндаи ваколатдори худро таъмин кунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2018 №: 106 Мутолиа карданд: 1159