logo

номаҳо

АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРАМ!

Марҳаматнисо Атобековаро ҳунари қаннодӣ овозадор кард. Ӯро имрӯз на танҳо дар шаҳри Хоруғ, балки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун бонуи ҳунарманд мешиносанд. Кулчақанду шириниҳои корхонаи  Марҳаматнисо дастархони сокинони шаҳр ва деҳоти гирду атрофро зеб медиҳанд.
- Айёми мактабхонӣ пухтани намудҳои гуногуни шириниро машқ  мекардам. Баъзан, шириниҳои  пухтаам ба ҳама писанд меомаданду гоҳе ба иштибоҳ роҳ медодам, аммо волидонам маро ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Баъдан, аз барномаҳои пухтупази телевизион ва маҷаллаю рӯзномаҳо бисёр чизҳои навро азхуд кардам. Оҳиста-оҳиста маҳсулоти пухтаам писанди  ҳамагон шудан гирифт, - иброз дошт зимни суҳбат Марҳаматнисо.
Ӯ дар пухтани торт хеле усто шуду ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Барои Марҳаматнисои ҷавон, ки ҳамеша дар фикри пухтани намуди нави ширинӣ ва тортҳои болаззат буд, фақат як чиз - набудани ҷой ва шароит барои кор садди роҳ мешуд.
Инак, зану шавҳар бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр дар як гӯшаи шаҳри Хоруғ қитъаи замини сангзореро  гирифта, барои сохтмони бинои корхонаи қаннодӣ тахту ҳамвор карданд. Дар сохтмон заҳмат кашиданду дар як гӯшаи майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Хоруғ бинои дуошёнаи корхонаи қаннодӣ қомат  афрохт, ки ҳуснафзои шаҳр гардид. Барои сохтмони он зиёда аз 80000 сомонӣ сарф шуд.
- Ба ман муяссар гардид, ки соҳиби гранти президентӣ шавам. Лоиҳаи  пешниҳодкардаамро омӯхта, писандиданд ва барои амалигардонии он ба ман 40000 сомонӣ грант ҷудо карданд.  Ин имкон дод, ки корхонаро бо таҷҳизоти  зарурӣ пурра таъмин созам. Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо – занон, бахусус бонувони ҳунармандро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, басо сипосгузорам. Албатта, агар сулҳу ваҳдат намебуд, ба орзую мақсадамон намерасидем. Шукри Пешвои миллат ва давлату Ҳукумати кишвар мекунем, ки дар ҳаққи мо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекунанд.
Р. РАҲМОНҚУЛОВ,  шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2018    №: 106    Мутолиа карданд: 3077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед