ҳуқуқ
МУФТХӮРӢ ДУ ҶАВОНРО БА ЗИНДОН БУРД
Суди шаҳри Душанбе ду сокини пойтахт - Алишер Сафаров ва Дилшод Бозоров, соли таваллудашон 1995 - ро барои муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадори навъи ҳашиш бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Тафтишот маълум кард, ки Алишер Сафаров моҳи ноябри соли 2016 ҳангоми таъмири манзили истиқоматии А. Ҳикматов, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, дар қабати масолеҳи сохтмонии ДСП воситаи нашъадори навъи ҳашишро мушоҳида намуда, қасди соҳиб шудани онро намуд.
Бо ин мақсад Алишер Сафаров бо Дилшод Бозоров ва чанд нафари дигар барои ба даст овардани воситаи нашъадор маслиҳат карданд. Моҳи ноябри соли 2016 ӯ ба шахсони маслиҳатнамудааш ҷойи нигоҳдории масолеҳи сохтмониро нишон дода, гуфт, ки баъди ба даст овардан ҳаққи инҳоро низ медиҳад.
Худи ҳамон рӯз Д. Бозоров бо шариконаш вориди манзили истиқоматии шаҳрванд А. Ҳикматов гашта, як адад ДСП - ро тасарруф намуд ва аз дохилаш 10 баста воситаи нашъадори ҳашишро ҷудо карда, ба пойтахт интиқол дод. Аз он як бастаашро барои истеъмоли худ гирифта, боқимондаашро бо мақсади фурӯхтан пинҳон кард.
Яке аз шарикони онҳо Ф. Маҳмадиев бо чанд нафари дигар бидуни иштироки судшавандаҳо нақшаи тасарруфи масолеҳи боқимондаи сохтмониро тарҳрезӣ намуда, барои ин кор дар ноҳияи Рӯдакӣ як манзили истиқоматиро иҷора гирифтанд. Ҳамин тавр 9 адад ДСП - ро дуздида, ба он ҷо оварданд. Сипас, як адади онро шикаста, аз дохилаш 10 бастаи воситаи нашъадори навъи ҳашишро гирифта, ба шаҳри Душанбе оварданд.
Ф. Маҳмадиев ва Ҷ. Маҳмудов бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар назди маркази савдои Садбарг бо Диловар ном шахс, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ҳамчун шахси мусоидаткунанда ба фаъолияти кормандони милитсия ҷалб гардида буд, вохӯрда, таклифи ба фурӯш баровардани 1 килограмм ҳашишро карданд. Пас аз як рӯз Диловар ба онҳо дар хусуси пайдо намудани харидор бо номи Алик хабар дод. Номбурдаҳо бо харидори шартӣ дар назди бозори Саховат вохӯрда, ба маблағи 11 000 сомонӣ як миқдор ҳашишро фурӯхтаанд ва аз ин ҳисоб як автомашина харида, ба номи Ҷ. Маҳмудов ба расмият дароварданд.
Рӯзи 11 феврали соли гузашта, Ф. Маҳмадиев ва Ҷ. Маҳмудов дар дидбонгоҳи «Чоряккорон», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи кормандони милитсия, дастгир шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ аз таҳхонаи бинои истиқоматие, ки воситаи нашъадорро пинҳон карда буданд, 7 бастаи полиэтилении воситаи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Аз дастгир шудани ин ду нафар шариконашон огоҳ шуда, воситаҳои нашъадори боқимондаро ба ноҳияи Восеъ интиқол доданд. Сипас, бо мақсади ошкор нагардидани ҷиноят 8 адад ДСП - ро оташ заданд.
Баъди баррасии парванда бо ҳукми суд ба Алишер Сафаров бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ ва ба Дилшод Бозоров ба муҳлати 14 сол, таъйин карда шуд.
Хуршед АЗИЗМАТЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе,
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2018 №: 107 Мутолиа карданд: 1221