порлумон
БОНКҲО. ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН БА РАФЪИ КАМБУДИҲО МУСОИДАТ МЕКУНАНД
Бо мақсади таҳкими сиёсати пуливу қарзӣ, таъмини суботи низоми бонкӣ ва шаффофияти он, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, пурзӯр намудани назорати ташкилоти қарзӣ, батанзимдарории бонкҳои мушкилдор, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи мазкур гуфт, ки мушкилиҳои низоми пуливу қарзии кишвар ва дар ин замина андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд. Аз ин рӯ, Бонки миллӣ дар самти гузарондани ислоҳоти пуливу қарзӣ, аз ҷумла бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти бонкҳо ва пурзӯр намудани назорати онҳо, як қатор чораҳои дахлдор андешида истодааст ва барои самарабахш амалӣ намудани онҳо лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳафт сол сипарӣ шуда, дар ин давра якчанд қонун қабул гардид, ки бо қонун дар бораи Бонки миллӣ ихтилоф дошт. Лоиҳаи қонуни мазкур ихтилофоти ҷойдоштаро аз байн мебарад. Муқаррароти бештари лоиҳаи қонуни мазкур ба мукаммал намудани фишангҳои танзиму назорати ташкилоти қарзӣ, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои батанзимдарории ҳалли мушкилоти бонкҳои мушкилдор бо роҳи маблағгузории таъҷилии давлатӣ, таъсиси бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳо бахшида шудаанд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2018 №: 107 Мутолиа карданд: 5400