туризм
ХУҶАНД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ
Шаҳри Хуҷанд бо таъриху тамаддуни бисёрсола, ёдгориҳои фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебову дилнишин барои ривоҷу равнақи соҳаи туризм имкониятҳои зиёд дорад. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри боз ҳам афзун намудани иқтидори сайёҳии Хуҷанди бостонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Тибқи иттилои раиси шаҳри Хуҷанд Маъруфҷон Муҳаммадзода, соли равон аз Маҷмаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бунёди роҳи симӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, айни замон таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд босуръат идома дорад ва пас аз анҷоми он дар ҳудуди маҷмаа нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки феълан дар шаҳр ширкатҳои сайёҳии «Спутник», «Олами саёҳат», «Шарқ – Амрико», “Марко Поло”, “Согдиана Трейд” ва филиали «Суғдиён – Помир Тур» фаъолият доранд, ки ба сайёҳон барои гирифтани раводид, хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва таъмин шудан бо нақлиёту меҳмонхона мусоидат менамоянд. Баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ин ширкатҳои сайёҳӣ сити-турҳо ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ташкил кардааст. Бо мақсади рушди туризми мактабӣ ва дарёфти роҳбаладони ҷавон дар ҳамкорӣ бо ширкати “Согдиана Трейд” дар 29 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназия чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронда шуданд, ки зимни онҳо 3 хатсайри нави туристӣ : “Шоми Душанбе” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб – Душанбе – Ҳисор – Хуҷанд), “Искандаркӯл” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Искандаркӯл – Хуҷанд), “Ҳафткӯли муъҷизадор” ( Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Панҷакент – Саразм – Ҳафткӯл – Хуҷанд) муаррифӣ гаштанд.
Ҷои шубҳа нест, ки ин чораҳои андешидашуда ва тадбирҳои дигаре, ки роҳандозӣ хоҳанд гашт, дар ояндаи наздик Хуҷанди бостониро ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии на танҳо мамлакат, балки Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд, ки ин боиси рушду нумӯи дигар соҳаҳо ва, дар маҷмӯъ, баланд гаштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар хоҳад шуд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2018 №: 107 Мутолиа карданд: 1416