мулоқотҳо
ЗУБАЙР МАҲМУД ҲАЁТ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаётро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талошҳои сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима карданд.
Густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту мудофиа, ҳамкории низомию техникии кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистон, муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи “САSA-1000” ва истифодаи имкониятҳои фарохи гидроэнергетикии Тоҷикистон табодули андеша карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2018 №: 108 Мутолиа карданд: 1508