logo

сафарҳо

Сафари кории Президент ба ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва шаҳри Роғун

Субҳи 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба истифода додан ва ё оғози сохтмони як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва анҷом додани мулоқотҳо бо мардум ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт сафар кард.
Зимни ин сафар дар ноҳияҳои Тоҷикобод,  Рашт ва Нуробод се пули азим дар болои дарёҳои Сурхоб ва Оби Лурд ба истифода дода шуд.
Дар Нуробод ҳамчунин шаҳраки нави ободу замонавии Дарбанд, ки тайи чанд соли охир дар ҷойи холӣ бунёд меёбад, барои ба он кӯчондани маркази маъмурии ноҳия  пурра омода гаштааст.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба водии Рашт аз мавзеи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт.
Дар ин ҷо Президенти мамлакатро мардум бо арзи сипосу шукргузорӣ аз сиёсати  созандагию бунёдкорӣ ва ғамхории зиёд ба аҳолии деҳоти кӯҳистон истиқбол гирифтанд. 
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳбарияту коргарони ширкати чиноии «Чайна роуд» лентаи рамзиро бурида, пули азими дарозиаш 210 ва паҳноиаш 10 метраро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки иқтидори борбардории ин пули муқтадир, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ба 80 тонна баробар аст ва дар сохтмону таҷдиди ин қисмати роҳ 200 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ бо кор таъмин гашт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бинокорон ва аҳолии ноҳияи Тоҷикобод ба муҳандисону мутахассисон ва роҳсозони тоҷику чиноӣ барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони ин пули бузург изҳори сипос намуд ва пешниҳод кард, ки пул минбаъд “Ваҳдат” номида шавад.
Боиси хушнудии аҳолии деҳоти Тоҷикобод аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Ҷиргатол - Саритош ҳамчунин 25 километр роҳҳои маҳаллӣ аз Нимич  то Сайрон навсозӣ мешавад ва 17 километри он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.
Аз ноҳияи Тоҷикобод Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ташриф овард.
Дар назди деҳаи Мулло Барот Президенти мамлакат дар фазои тантанавӣ як пули нави 226 – метраро, ки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Раштро бо шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иқтидори борбардории ин пул 30 тонна буда, бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Бо ҳамин маблағ ҳамчунин  14 километр роҳҳои маҳаллӣ низ навсозӣ шудаанд.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур 80 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар назди ҳамин пул Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии ноҳияи Рашт сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод, ки дар фазои озоду ошкоро ва бо самимияту шукргузорӣ аз сиёсати ободонии кишвар ҷараён гирифт.
Аз он ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки навбунёди Дарбанди ноҳияи Нуробод, ки минбаъд маркази ноҳия дар ҳамин ҷо қарор хоҳад дошт, ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як мактаби нави замонавӣ иштирок намуд.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки  мактаб барои 1176 хонанда пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои зиёди мактаб дидан карда, бо омӯзгорону хонандагон аз наздик сӯҳбат намуд ва таъкид дошт, ки ба омӯзиши компютер ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, забонҳои русию англисӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳои меҳнату ҳунаромӯзӣ, ободонии ҳавлию атрофи мактаб ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир карда шавад. Мактаб дорои толори зебою барҳавои маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона барои 500 нафар мебошад. Сардори давлат       Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зебою хушнамо кардани ошхонаи мактабӣ ба бинокорон маслиҳатҳои муфид дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқ, неъматҳои бебаҳои табиӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии ноҳияи Нуробод дидан карда, бо аҳли заҳмат ва ҳунармандони мумтоз сӯҳбатҳои дилнишин анҷом доданд.
Зимни сӯҳбат бо занбӯрпарварони маъруфи ноҳия Тоҳир Шоев ва Назрулло Гулов маълум шуд, ки аввалӣ имсол аз 300 оилаи занбӯр 5 тонна ва дуюмӣ аз 250 оила 4,5 тонна  асали кӯҳӣ ба даст овардаанд.
Дар ин намоишгоҳ миёни асбобҳои зиёди мусиқии мардумӣ ду асбоби ғайриодӣ ба назар расид, ки маҳсули дасти пурҳунари устои мумтоз Отаҷон Ваҳҳобӣ мутааллиқ буда, яке 3 паҳлу ва дувумӣ 4 паҳлу аст. Чунонки бо таҳайюр зикр гардид, ҳар паҳлуи ин созҳо, ки сеҷур (иборат аз дутор, думбра, ғижак) ва панҷҷур (иборат аз дутор, думбра, ҳафттор, талбак ва ғижак) ном доранд, садоҳои аз ҳамдигар фарқкунанда мебароранд ва ин гуна асбоби мусиқӣ дар воқеъ дар ҷаҳон беназир аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба устои ин асбобҳо ва ҳамчунин устои табақи бузургҷуссаи бемисл, ки паҳноияш 1 метру 35 сантиметр аст, пешниҳод намуд, ки ин маҳсулҳои зебою назаррабои ҳунари волои худро ба Осорхонаи миллии кишвар бифурӯшанд, то онҳо манзури мардуми зиёд ва пеш аз ҳама меҳмонони хориҷӣ бошанд. 
Зимни шиносоӣ бо биноҳои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла шӯъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, агроинвестбонк,  амонатбонк ва ғайра, ки  дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, имрӯз бо иштироки Сардори давлат       Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд, иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, худи ҳамон рӯз дар шаҳраки Дарбанд 46 бинои нав ба истифода супурда шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд маркази ноҳияи Нуробод пурра ба ҳамин шаҳрак кӯчонида мешавад. Тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар биноҳои нави дорои тамоми шароити муосиру замонавӣ ҷойгир шудаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Президенти мамлакат техникаву таҷҳизоти  хуби замонавиро, ки ба ин беморхона ба тозагӣ ворид шудаанд, аз назар гузаронда,  баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару  мутахассисони сатҳи баланд таъмин намудани он  ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.
Нимаи дуюми рӯз бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод боз як  пули калони дигар  мавриди истифода қарор гирифт. Зимни сӯҳбат бо  роҳсозон маълум шуд, ки ин  яке аз 14 пули хурду бузург аст, ки  дар чаҳорчӯби  марҳилаи дуюми  сохтмон ва навсозии шоҳроҳи мошингарди  Душанбе – Рашт – Ҷиргатол -  Саритош бунёд меёбад. Дарозии ин пул  67 метр буда,  бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Худи ҳамон рӯз Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин  дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Дарбанд ба рамзи ободиву сарсабзии доимии ин гӯшаи зебои Тоҷикистони шукуфон  якчанд навниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонда, гуфтан мумкин, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ низ дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар оғоз бахшид.
Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии  шаҳраки навбунёди Дарбандро  мавриди истифода қарор дода, дар ҳамин ҷо бо шумораи зиёди намояндагони аҳолии ноҳияи Нуробод мулоқот намуд. Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои  бузурги созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Нуробод  ва кулли мамлакат  маълумот дода, дурнамои ин сиёсатро  дурахшону умедбахш арзёбӣ намуд.
Ба муносибати оғози фаъолияти шаҳраки Дарбанд чун маркази маъмурии минбаъдаи ноҳияи Нуробод дар майдони ҳамин варзишгоҳ, ки 5 ҳазор ҷойи нишаст дорад, як намоиши бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон баргузор гашт.
Бо мушоҳидаи ин ҳама тадбирҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо боварию эътимод метавон гуфт, ки роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 15 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон таҷлил мегардад, бо дастовардҳои намоёну арзанда наздик мешаванд.
Дастоварду нишондодҳои аз ин ҳам бештар таҳти сарварии собитқадамонаи Президенти мамлакат      Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, ки 9 сентябри соли 2011 фаро мерасад, ба даст хоҳанд омад.
28 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва сӯҳбат бо бинокорони Нерӯгоҳи барқи  обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги аср ташриф овард.
Сардори давлат Эмомалӣ  Раҳмон дар  тамоми мавзеъҳои сохтмонии нерӯгоҳи азими Роғун бо рафти корҳо аз наздик шинос шуда, бо коргарону мутахассисони сершумори он сӯҳбатҳо намуд. Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи кории корхонаи «Гидромонтаж», ки дар деҳаи Сичароғи шаҳри Роғун қарор дорад, оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки 90% тамоми конструксияҳои азими металии  барои навбати якуми нерӯгоҳи Роғун зарурӣ  имрӯз аллакай омода гаштаанд.
Аз ташрифи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи доимии ӯ мутахассисону коргарон рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Дар сӯҳбат бо онҳо ҳамчунин маълум шуд, ки маоши миёнаи коргарон аз 1600 то 1800 сомониро ташкил медиҳад ва ба гуфти худи онҳо барои 15 рӯзи корӣ дар як моҳ ин музди хуб аст.
Ёдовар бояд шуд, ки кори онҳо ба таври вахтавӣ сурат мегирад, яъне 15 рӯз кор ва 15 рӯз истироҳат.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз хобгоҳи вахтавии онҳо дидан карда, аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ намуд ва ҳамзамон баҳри кушодани мағоза, ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар маҳфилҳои дилхушӣ ба масъулин супоришҳои иловагӣ дод.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо кори мошинҳои пуриқтидори сохтмонию боркашӣ дар майдонҳои сохтмон, аз ҷумла таъкид гардид, ки бо илова шудани 100 адад мошинҳои БелАЗ ва дигар мошинҳои пуриқтидор имрӯз шумораи онҳо дар ин иншооти азим ба зиёда аз 700 адад расидааст. Ба гуфти шоҳидону мутахассисони ҳолдон дар серкортарин давраҳои замони шӯравӣ ҳам дар ин ҷо ин қадар техника вуҷуд надоштааст. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.
Зикр шуд, ки барои оғози сохтмони сарбанд то имрӯз аз мавзеъҳои зериобмонанда 16 миллион метри мукааб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойгирифта кашонда, захира карда шудааст.
Дар мавзеъҳои сершумори сохтмонӣ, аз ҷумла иншооти бузурги зеризаминӣ бори дигар аён гашт, ки бинокорони диловари ин нерӯгоҳи азим барои омодагӣ ба бастани маҷрои дарёи пуртуғёни Вахш шабу рӯз софдилона ва бо ғайрату тавони камназир фаъолият доранд.
Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи нақша навбати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар муддати се – чор соли оянда бо ду агрегати аввал ва иқтидори 800 мегаватт бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки 85% - и иншооти зеризаминии барои навбати якуми нерӯгоҳ зарурӣ имрӯз омода гаштаанд ва корҳои пармакунӣ, бетонрезӣ, оҳанбандӣ, омода кардани нақбҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ, обпарто, коммуникатсионӣ, дарвозаҳои обии охили нақбҳо, толори трансформаторҳо, толори мошинҳо (агрегатҳо) ва умуман дар тамоми мавзеъҳо бо ҷӯшу хурӯш, рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳисси масъулияти шоистаи тамоми мутахассисону коргарон дар назди халқу Ватан идома доранд.
Баландии толори мошинҳо ё худ агрегатҳо, ки дар мағзи кӯҳ ҷойгир аст, ба 68  метр мерасад ва бинои маркази идории нерӯгоҳ, ки дар ҳамин толор сохта хоҳад шуд, аз 7 ошёна иборат хоҳад буд. Умуман қобили таъкид аст, ки дарозии умумии тамоми нақбҳои нерӯгоҳ ба зиёда аз 60 км расида, иншооти бешумори зеризаминии он ба як шаҳри азими дар дили кӯҳ ҷой гирифта монанд аст.
Зимни боздид аз мавзеи резиши рӯди Оби Шӯр ба дарёи Вахш, ки ба поёни мавзеи сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун рост меояд, Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои сохтмони як сарбанди иловагӣ дар сари роҳи ин рӯд ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб низ шинос шуд.
Вобаста ба лоиҳаи Шӯроб иттилоъ дода шуд, ки ин нерӯгоҳ 16 километр поёнтар аз нерӯгоҳи Роғун дар болои дарёи Вахш бо иқтидори 850 мегаватт бунёд хоҳад ёфт, ки баландии сарбандаш 93 метр ва ғунҷоиши обанбораш беш аз 77 миллион метри мукааб обро ташкил хоҳад дод.
Ҳангоми  тамошои шаҳраки истиқомати вахтавии коргарони нерӯгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар он тамоми шароити зарурии моддию маишӣ, хобгоҳҳо, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра омода гаштаанд. Ғайр аз ин шаҳраки асосӣ, аксари корхонаю ташкилотҳои сохтмонӣ, ки шумораи умумиашон дар ин иншооти азим ба зиёда аз 50 адад расида, дар масофаҳои дур аз ҳамдигар кор мекунанд, бевосита дар мавзеъҳои сохтмонии худ шаҳракҳои истиқомату фароғати вахтавӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд намудаанд.
Баъди боздид аз тамоми мавзеъҳои сохтмонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти нерӯгоҳ ва корхонаю муассисаҳои сершумори сохтмонӣ, ки ба ин ҷо ба кор ҷалб шудаанд, машварати корӣ анҷом дод. Дар машварати мазкур, ки бо иштироки роҳбарияти тамоми вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори идорӣ доир гардид, натиҷаҳои корҳои анҷомёфта баррасӣ шуда, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед