озмунҳо
ОЗМУНИ «Беҳтарин шеъри бачагона»
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо ОЗМУНИ «Беҳтарин шеъри бачагона»-ро эълон менамояд.
Дар озмун шоирону адибон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, сарфи назар аз синну сол иштирок карда метавонанд.
Аз ҳар як иштирокчӣ талаб карда мешавад, ки на кам аз 3 шеъри тозаэҷоди худро ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ба идораи рӯзнома пешниҳод намояд.
Озмун аз 1.07.2018 то 1.05.2019 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷамъбаст мегардад.
Мукофотҳо:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.06.2018 №: 109 Мутолиа карданд: 19034