ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОН ПЕШОҲАНГИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ
Ҷаҳони муосир имрӯз дар банди моҷарову муаммоҳои сиёсӣ қарор дошта, зуҳуроти номатлубу даҳшатборе чун терроризму экстремизм ба амнияти давлату кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Амалҳои террористӣ чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, соли сипаришуда дар беш аз 100 давлати дунё ба вуқӯъ пайваст. Сарвари давлат ҳамзамон дар ин маврид таъкид намуданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Бояд гуфт, ки асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла, дар моддаи 3 - юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” мафҳуми ифротгароӣ чунин шарҳ дода шудааст: “Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад”. Мафҳуми ифротгароӣ дар қонун рӯшану дақиқ шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Барои аз моҳияти ин мафҳуми ваҳшатбори аср огаҳӣ ёфтан аз ин меъёрҳои қонун огаҳӣ будан кифоя аст.
Қобили зикр аст, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамзамон дар хусуси доир гардидани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили терроризму экстремизм таъкид гардида буд, ки он ду рӯз, 3-юм ва 4-уми майи соли ҷорӣ таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид. Пешвои миллат дар ҳузури беш аз 400 намоянда аз 48 кишвар ва 31 созмони байналмилаливу минтақавӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ - тадқиқотӣ бори дигар таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад». Яъне, Тоҷикистон мавқеи бетарафиро напазируфта, ҳамеша мавқеи фаъолу муайяне бар зидди тамоми ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ нишон медиҳад. Дар ин чорабинии сатҳи баланд Сарвари давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ба хотири ҳифз ва тақвияти сулҳу субот даъват ба амал оварданд: «Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод, ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад». Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ таъкид намуданд, “... яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расондани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад”. Мавриди зикр аст, ки дар ин конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков аз ташаббуси Тоҷикистон дар созмон додани чунин Конфронси байналмилалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос намуд. Меҳмони олимақом баён дошт, ки ин ҳамоиш дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар муқовимати дастаҷамъона бо терроризм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки дар сатҳи байналмилал чунин чорабинии сатҳи баландро оид ба масоили терроризму экстремизм Тоҷикистон доир намуд. Ва, илова намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид низ чунин конфронси сатҳи баландро имсол баргузор хоҳад кард.
Мубашар Ҷовид Акбар, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ҳодисаҳои солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда гуфт: «Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро таҷриба карда, ҳоло дар набард бо ин зуҳуроти нангин иқдомоти фаромарзиро рӯи даст гирифтааст. Мо эътироф мекунем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон дар фурӯ нишондани даргириҳо на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тавсеаи ифротгароӣ дар минтақа буд».
Ҳамин тариқ, вобаста ба натиҷаҳои конфронс, санади ниҳоӣ – Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки фасли наве дар мубориза бо ин вабои аср - терроризм ва ифротгароӣ хоҳад буд.
Тоҷикистон дар мубориза бо ин амали нангини аср мавқеи хосса ва калидии хешро гузошт ва яке аз пешоҳангони мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуби аср шинохта шуд.
Алишо ҚУРБОНИЁН,
муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.06.2018 №: 112 Мутолиа карданд: 1471