порлумон
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. РОБИТАҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 14 марти соли 2018 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона ба имзо расида, аз муқаддима ва 9 модда иборат мебошад. Ин ҳуҷҷат барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати ба низом даровардани тартиби будубош ва бақайдгирии шаҳрвандони тарафҳо дар ҳудуди якдигар равона шудааст.
Назар ба гуфтаи Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, дар асоси созишномаи мавриди назар шаҳрвандони тарафҳо метавонанд то 30 рӯз барои будубоши муваққатӣ дар ҳудуди ҳамдигар бе сабти ном дар мақомоти дахлдор сукунат дошта бошанд. Дар мавриди то 90 рӯз будубоши муваққатӣ доштан, дар мақомоти дахлдор ба қайд гирифта мешаванд. Дар созишнома, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши муваққатӣ ё муҳлати ҳисоб шудани давраи воридшавии будубоши муваққатӣ пешбинӣ шуда, ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон созгор аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2018 №: 117 Мутолиа карданд: 5386