logo

порлумон

РЕАДМИССИЯ. ТАСВИБИ БОЗ ЯК САНАДИ МУҲИМ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар ҷаласаи навбатии худ боз як ҳуҷҷатеро ба тасвиб расонд, ки дар таҳкими ҳамкориҳо ва рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаи нав мекушояд. Вакилони порлумон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии онро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, ҷонибдорӣ карданд.
Мафҳуми реадмиссия ин розигии давлат барои бозпас баргардондани шаҳрвандони худ аз дигар кишвар ба ҳудуди давлати худ дар ҳолати даст задани онҳо ба нақзи муқаррароти будубош, яъне вуруд, иқомат ва хуруҷи шаҳрвандон мебошад. Ин як намуди баровардани маҷбурӣ аз ҳудуди давлати дигар буда, ҳамчун ҷазо татбиқ намегардад.
Ин санад ҳам дар баробари Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2018 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона ба имзо расида буд.
Назар ба гуфтаи Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи мавриди назар аз муқаддима, 15 модда, протоколи иҷроия ва замима иборат буда, барои рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон равона шудааст.
Дар созишнома масъалаи реадмиссияи иштибоҳӣ ва ҳал намудани масъалаҳои ба он вобаста, муҳлати ирсоли дархост ва реадмиссия, истирдоди шахси реадмиссияшаванда пешбинӣ шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 5431
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед