туризм
ПАНҶАКЕНТРО БА МАРКАЗИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ДИҲЕМ
Панҷакенти Қадим – шаҳри бостонии давраи аввали асримиёнагӣ (садаҳои V-VIII) дар теппаи Қайнар бо бозёфтҳои бешумори меъморию санъатӣ дар ҷаҳон бо номи Помпейи осиёимиёнагӣ машҳур буда, таърихи беш аз 5000 - сола дорад. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ бозгӯи онанд, ки Панҷакенти Қадим аз шаҳристон, куҳандиз, деҳаи назди шаҳр ва қабристон иборат будааст. Бозёфтҳои зиёд, монанди муҷассамаҳои зебои шарқии чӯбиву сафолӣ, ашёҳои шишагиву оҳанӣ, маҷмӯаи мисиву нуқрагӣ, ба Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурда шудаанд. Чанд намунаи асли нигораҳо дар Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ғайр аз ин, нигораҳои зиёди нодир, ки аз Панҷакенти Қадим то давраи истиқлолият ёфт шудаанд, дар Эрмитажи давлатии Санк-Петербург маҳфузанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳафриёти ин ёдгориҳо то ҳол ба итмом нарасидааст, ки омили хуби таваҷҷуҳ ва ҷалби сайёҳон ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мутахассисон, кӯҳҳои Фон, дараи Арчамайдон, Ҳафткӯл, Кӯли Калон ва амсоли инҳо, ки ҳудуди ин шаҳри бостониро зиннати афсонавӣ мебахшанд, имрӯз низ байни сайёҳон бениҳоят маъруфанд. Бойигарии асосии кӯҳҳои Фонро бошад, кӯлҳо ташкил медиҳанд. Кӯлҳои хурду бузург, камобу серобу афсонавӣ ва гумшуда дар тангноҳои жарф. Ба гумон аст чунин макон, ки дар паҳнои на он қадар калон, байни манзараҳои аҷиби кӯҳӣ, зери кӯҳҳои барфпӯш ва ҳавои софу нилгун кӯлҳои рангин ҷой гирифтаанд, дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон вохӯрад. Сайёҳон майли истироҳат маҳз дар ҳамин муҳити ороми кӯҳҳо дур аз ташвиши зиндагии рӯзмарраи муосир доранд.
- Кӯҳҳои Фонро бештар сайёҳони пиёдагард меписанданд ва барои онҳо дар давоми 7 – 10 рӯз сайрҳои кӯҳӣ ташкил карда мешаванд. Дар кӯҳҳои Фон 30 кӯл мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он хусусияту табиати зебои ба худ хос дорад. Маҳз ба хотири дидани ин кӯлҳо сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд, - мегӯяд Фаридун Ҳамроев менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент интур».
Гузашта аз ин, бино ба гуфтаи коршиносон ёдгориҳои меъмории Панҷакент, наққошӣ ва ҳайкалтарошии Суғд, Саразм, Панҷакенти Қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро офаридаҳои санъат мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надоранд. Барои мисол, Саразм чор давраи чандҳазорсоларо гузарондааст. Ковишҳои бостоншиносӣ муайян намудаанд, ки дар ин ҷо бештар биноҳои маъмурӣ, оташкадаю ибодатхонаҳои мазҳабӣ сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хонагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота кардаанд ва иморатҳо бо кӯчаю тангкӯчаҳои сангфарш ҷудо гардидаанд. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки соли 2011 бо қарори Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ шомил гардид.
Фаридун Ҳамроев иброз медорад, ки аксар вақт мувофиқи хости худи сайёҳон хатсайрҳои нав ташкил карда мешаванд. Масалан, имсол бо дархости онҳо Боғи таърихӣ-табиии Ширкент ба хатсайрҳо ворид гардид. Бисёри ширкатҳо намедонистанд, ки чунин мавзеъ дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Сайёҳоне, ки аз ин ҷо дидан карданд, таассуроти рангин бардоштаанд. Мавзеи дигар бо номи Аҷинатеппа, ки буддои машҳури 13 - метраро дарёфт намудаанд, ба сайёҳони Ҷопон таблиғ кардан мумкин, зеро онҳо барои дидани ҳамин хел ҷойҳо мароқи зиёд доранд.
Бо назардошти ин ва ба хотири рушди бештари соҳа бояд тадбирҳои иловагии муассир андешида шаванд. Қабл аз ҳама, бехатарии сайёҳ дар тамоми давраи будубоши ӯ бояд таъмин бошад. Дигар ин ки инфрасохтор ба сатҳи зарурӣ рушд ёфта, хизматрасонӣ бояд дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ пешниҳод шавад. Чиптаҳои ҳавопаймоӣ дастрастар гарданд, хатсайрҳои бевосита ба Фаронса, Италия, Испания, Шведсия, Австрия ва дигар кишварҳои Аврупо ташкил ёбанд. Беҳтар гардидани роҳҳои байни шаҳрҳову мавзеъҳои сайёҳӣ низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Мутахассисон иброз медоранд, ки сохтани меҳмонхонаву ошхонаҳои миллӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар наздикии мавзеъҳои Ҳафткӯл ва Кӯли Калон теъдоди сайёҳонро метавонад бамаротиб зиёд кунад.
Хуллас, Панҷакент - ин шаҳри бостонии соҳили рӯди Зарафшон дар сурати таблиғу ташвиқи дурусту ҳадафноки дороиҳояш воқеан ҳам, метавонад минтақаи хуб барои ташкили сайёҳии экологиву кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бошад. Чаро не?!
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2018 №: 118 Мутолиа карданд: 1343