logo

номаҳо

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ. БА ҚАДРИ ҒАМХОРИҲО БИРАСЕМ

Солимии  аҳолӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ,  фаъолияти муассисаҳои соҳа ва шароити моддию техникӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат дар самти таъминоти марказҳои саломатӣ бо мутахассисони варзида  ва таҷҳизоту лавозимоти муосир пайваста тадбирҳои муҳим роҳандозӣ менамояд.  Имрӯзҳо аксари муассисаҳои тиббӣ шароити ба талаботи замон ҷавобгӯ  доранд.
Сабзаалӣ Муродзода, директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10, изҳор дошт, ки бо фароҳам омадани имкониятҳо сатҳи хизматрасонии тиббӣ нисбатан баланд гардида, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ҳоло шароити кори табибон ва дастрасии онҳо ба таҷҳизоти муосири табобат беҳбудӣ ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар  бархе муассисаҳои табобатӣ, баъзе аз табибон даст ба қонуншиканӣ мезананд. Ҳолатҳои ғайриқонунӣ  ё аз нархнома зиёд ситондани маблағи ҳаққи хизматрасонӣ ба назар мерасанд.
Дар Маркази миллии тиббӣ мушоҳида намудем, ки табибон бар ивази машварати тиббӣ аз беморон маблағи муайян меситонанд. Ҳол он ки ин кор тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 600, “Дар бораи фаъолияти муассисаҳои тиббии системаи давлатӣ” ройгон мебошад.  Ё флюорграфия (рентгени қафаси сина) дар нархномаи тасдиқшудаи қарори мазкур дар ҳамаи муассисаҳои тиббии  давлатӣ 6 сомонӣ муқаррар карда шудааст, вале чанд маротибае, ки дар  ин муассиса ман ва дӯстону пайвандонам флюорграфия гузарондем, кормандони ин бахш  аз мо 10 - сомонӣ талаб намуданд. 
Барои пардохти маблағи ҳаққи хизматрасонӣ дар баъзе беморхонаҳои пойтахт  чек намедиҳанд. Масалан, беморон  пеш аз ба назди духтур рафтан нахуст ба навбатдор маблағи хизмат-расониро супурда,  сипас бо роҳхат ба пеши табиб медароянд. Аммо роҳхати додашуда, ки барои гирифтанаш пул сарф шудааст, маънои чекро надорад. Он  танҳо як роҳхат барои муроҷиат ба духтури зарурӣ  мебошад. Духтур ҳаққи худро алоҳида мегираду дар ивазаш боз ҳам ягон чек намедиҳад. Ҳолати мазкур  корафтодагону беморонро аз поквиҷдонии кормандони соҳаи тандурустии кишвар дилсард месозад.  Ин гуна касон ғамхориҳои давлату  Ҳукумати кишварро ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа пушти по мезананд.
Пас, чаро мо мегузорем, ки баъзе табибони тамаъҷӯ бо амалҳои нопок соҳаи тандурустии мамлакатро доғдор созанд?!
Фаридун БОБОХОНОВ,
донишҷӯи курси 4 – и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 3317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед