қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2017, № 1469 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 11, мод. 781; с. 2018, № 2, мод. 63, № 3, мод. 161) қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«14. Дар соли 2018 воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, ки номгӯй ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июни соли 2018, № 1536
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2018, № 1120
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2018 №: 120 Мутолиа карданд: 2329