ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ. ДАР МУҚОВИМАТ АЛАЙҲИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, зуҳурот вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки уҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳалли масъаларо рад кунанд. Ифротгароии идеологии сиёсӣ мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад. Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати миллии ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ, метавонад кирдори дар шакли миллатгароӣ (натсизм), фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд. Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои ақаллияти сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад.
Мувофиқи моддаи 8 Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафкурае, аз он ҷумла ислом, ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф намегардад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.
Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба онҳо дар риояи анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оваранд. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст. Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конститутсия омада Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.
Мардуми Тоҷикистон зуҳуроти ифротгароии диниро қабул карда наметавонад. Ақидаи халқ дар қонунгузорӣ ва Конститутсия таҳким ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки мардум аз радикализми давлатӣ, кадоме, ки атеизм аст, халос шуда, радикализми дигар – режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест.
Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамаи ин мардумро ба зидди ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.
Солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ диққат ва аҳамияти бештар дода мешавад. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад. Соли 2017 20 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашн тантанаи неруи бегазанду созандаву пешбару тавонои ваҳдат хоҳад буд. Ва боз ҳам ба ҷаҳониён собит хоҳад кард, ки халқи тоҷик табиатан ваҳдатпараст буда, на ин ки дар дохили кишвари худ, балки дар саросари ҷаҳон онро меписандад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард. Моҷарою даргириҳое, ки дар кишвар солҳои 90 - уми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанду боиси ғаму андуҳу маҳрумиятҳо гаштанд, бори дигар аҳамияти ваҳдат ва нақши онро дар ҳаёти осоишта собит сохтанд. Маҳз гаравиши дубора ба ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Ба ифтихори мо, ваҳдати миллат дар ин муддат неруманд гашта, устувор шуд ва ҳама боварӣ дорем, ки ҳаргиз он завол нахоҳад ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида шуда истодаанд.
Сулҳе, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварданд, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бас-та, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми кишвари азизамонро ғуборолуд созад.
М. ГУЛЗОДА,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2018 №: 121 Мутолиа карданд: 1190