фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани
тағйиру илова ба Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри соли 2006, № 9
Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
–калимаҳои «Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сархати шашум ҳисобида шаванд;
-сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 октябри соли 2009, № 727
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2525