барқияҳо
ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИСБАТИ ДАРГУЗАШТИ РАҲИМ МАСОВ
21-уми июни соли 2018 доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов дар синни 79 - солагӣ аз олам даргузашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин, ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст.
Ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст.
Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2018 №: 122-123 Мутолиа карданд: 7431