logo

ҳуқуқ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ НИЗОМИ СУДӢ

Тоҷикистони соҳибистиқлол аз файзи қудуми Ваҳдати миллӣ ва шоҳкориҳои бемисли Пешвои муаззами миллат дар зарфи 21 соли охир ба дастовардҳои бесобиқае ноил шуд, ки воқеан қобили ситоиш аст. Зеро қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои 90 - уми асри гузашта Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳи рушду тараққиёти кишвар муайян гардид.
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар дар мақомоти судӣ давраи ҷадид ва таҳаввулоти тоза ба миён ояд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2007 аввалин маротиба «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҷараёни татбиқи барнома нишон дод, ки он барои кормандони мақомоти судӣ таҷрибаи судманди амалисозии тадбирҳои мушаххас оид ба рушди қонунгузорӣ ва таҳкими адолати судӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар доираи татбиқи барнома, ки дар се марҳила идома кард, қонунгузорӣ боз ҳам мукаммалтар шуда, ҳамаи кодексу қонунҳои амалкунанда ба Конститутсияи  мамлакат мутобиқ гардонда шуданд. Дақиқан, дар ин робита кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии гражданӣ дар таҳияи нав пешниҳод гардиданд. Ин дигаргуниҳо дар рушди низоми ҳуқуқии кишвар нақши амиқ гузошта, дар самт риоя гардидани адолати судиву иҷтимоӣ низ таъсири нек расонд.
Тавре маълум аст, дар доираи татбиқ барномаи ислоҳот ваколатҳои  ба  ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови  манзил, ҳабси  молу  мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ба салоҳияти судҳо вогузор шуд, ки ин барои баланд бардоштаи нуфузи ҳокимияти судӣ ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон заминаҳои воқеӣ гузошт.
Гузашта аз ин, тағйир додани нақши ҳокимияти судӣ дар давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар он ифода меёбад, ки бо ворид кардани тағийрот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати амали ваколати судяҳо аз панҷ соли қаблӣ ба даҳ сол зиёд шуд.
Боиси қаноатмандист, ки дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ сохтори судҳо дар ҷумҳурӣ такмил ёфта, бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат вазъи иҷтимоии кормандон низ беҳтар гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ва дигар дастовардҳои мақомоти судӣ маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва оромии мутлақ дар ҷомеа буда, аз тамоми кормандони соҳа тақозо мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ ва ризоияти ҷомеа  талош варзанд.
Нигора НАЗАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2018    №: 124    Мутолиа карданд: 1117
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед