logo

ҳуқуқ

МАВОДИ НАШЪОВАР. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ОН ҚОТЕОНА АМАЛ МЕКУНАД

Дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 375 ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабт шуда, 1 тоннаю 806 килограмму 788 грамм маводи нашъаовар, инчунин 12 4 11 ҳаби МДМА ва 33 килою 601 грамм моддаҳои сахттаъсиру заҳролуд мусодира шудааст.

Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра аз ҷониби кормандони агентӣ 2 амалиёти муштарак бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 3 амалиёти муштараки дохилӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук гузаронда шуда, миқдори зиёди маводи нашъадор мусодира гардид. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки сабти ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар 4 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 дарсад ё 69 ҷиноят зиёд мебошад. Гарчанде дар умум мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба 1,7 дарсад ё 31 киллограмм кам гардида бошад ҳам, мусодираи гурӯҳи афюнӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра 152 киллограмм маводи нашъаовари героин мусодира гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамасола бо мақсади  муайян ва нобуд сохтани рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, пешгирӣ, ошкор ва бастани роҳҳои қочоқу интиқоли  маводи  мухаддир  тавассути  сарҳади давлатӣ, паҳншавии он дар ҳудуди  кишвар, инчунин ташкил ва гузарондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни  аҳолӣ, аз 20 май то 30 ноябр дар Тоҷикистон дар ду марҳила амалиёти  ҷумҳуриявии «Кӯкнор» гузаронда мешавад. Ғайр аз ин, амалиётҳои ҷумҳуриявии «Морфин», «Притон» ва дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти «Канал - Кордон» роҳандозӣ мегарданд, ки намунаи барҷастаи муборизаи қотеона бо ин маводи марговар аст.
Бояд гуфт, ки дар самти мубориза бо маводи нашъаовар Стратегияи  миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 ҳуҷҷати калидӣ ба шумор рафта, ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба пешгирии нашъамандӣ, ташаккули муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир, таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва нашъамандиро танзим менамояд. Ба гуфтаи масъулони соҳа татбиқи муваффақонаи стратегияи мазкур то кунун шомили дастовардҳои назаррас буда, Тоҷикистонро дар сафи пеши мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа қарор додааст.
Сафаргул АЛИМОВА,
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 1191
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед