ҳуқуқ
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Дар Суди Олии иқтисодии кишвар чораҳои тақвият бахшидани мубориза алайҳи коррупсия зимни мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи Зокир Аминзода, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, ин амали номатлуб дар байни кормандони судҳои иқтисодӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомоти судӣ боиси нигаронии ҷиддист. Пайваста доир намудани вохӯриҳо байни масъулони ин ниҳод бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз муносибатҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Дар бисёри маврид ҳолатҳои ришваситонӣ дар байни кормандону мансабдорон бо сабаби ноогоҳии онҳо аз оқибати амалашон сурат мегирад. Реша давондани коррупсия, пеш аз ҳама, эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ халал ворид менамояд.
Маҷиди Абдукарим, сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, гуфт, ки танҳо бо роҳи муқовимати дастаҷамъии аҳолӣ ва идораҳои дахлдор коҳиш бахшидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа имконпазир аст. Аммо шаҳрвандон, бо вуҷуди зиёд, ба ин зуҳурот дучор омадан, барои пешгирии он беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, агентӣ тасмим гирифтааст, ки тавассути доир намудани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ ва масъулони корхонаю муассисаҳо пешгирии коррупсияро тақвият бахшад. Давоми 5 моҳи соли равон аз ҷониби кормандон ва роҳбарияти агентӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ва идораҳо 170 вохӯрӣ доир гардидааст. Ҳамчунин, бо мақсади иртиботи фаврию шаффофи аҳолӣ бо агентӣ сомонаҳои иҷтимоии махсуси «Вайбер», «Вотсап» ва «Имо» фаъол гардонда шудаанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.2018 №: 125 Мутолиа карданд: 1189