барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ
25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбод менамоям.
Раъйи дар натиҷаи интихоботи мазкур бадастовардаи Шумо боз як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати созандаи Шумо мебошад.
Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷони-баи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Ҷумҳурии Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи тоза боз ҳам ғанитар хоҳем гардонд.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои беш аз пеш дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии минбаъдаи Туркия ва мардуми дӯсти он орзу дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.06.2018 №: 125 Мутолиа карданд: 7333