номаҳо
ИЗҲОРИ СИПОС
Шиддати бемориҳоям сол ба сол меафзуд. Бо маслиҳати духтури асабшинос Умед Шарифов, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ зери назораташ қарор доштам, бояд табдили обу ҳаво мекардам. Ба ин хотир ба ноҳияи Рашт омадам. Ба назди раиси ноҳия дар рӯзи қабули шаҳрвандон бо ариза ва ҳуҷҷатҳои беморӣ ворид шудам, худро муаррифӣ намудам. Дар бораи бемориам маълумот додам ва гуфтам, ки дар ин ноҳия зиндагиамро идома додан мехоҳам, инчунин, каме ҳам бошад, барои халқу Ватанам саҳми худро гузорам. Бо тавсияи ӯ дар шуъбаи фарҳанги ноҳия ба кор шурӯъ кардам. Ва ҳам маро дар ноҳия ба ҷойи зист таъмин намуд.
Рӯз ба рӯз саломатиам беҳтар шудан гирифт. Дар ҳафт соли бистарӣ буданам азият мекашидаму дилам аз зиндагӣ сард шуда буд. Имрӯзҳо рӯи саҳна суруд мехонам, мерақсам. Ҳамаи инро аз шарофати сулҳу оромии мавҷуда, ки бо талошҳои Сарвари давлат насиби мо гардидааст, медонам ва барои дастгирии бародарона аз хоксориву инсондӯстии раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо сидқан миннатдорам. Маҳз ба ҳамин хотир, туфайли гӯшаи «Шаҳрванд» мехоҳам, ки миннатдории худро ба ӯ баён намоям.
Зулфия ҶАМИЛОВА,
ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.06.2018 №: 126-127 Мутолиа карданд: 3532