порлумон
ДУШАНБЕ – БОХТАР. МАРҲАЛАИ ДУЮМИ СОХТМОНИ РОҲ ОҒОЗ МЕЁБАД
Ба мақсади таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба масофаи 39,6 километр аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишномаи иловагии грантӣ ба маблағи 90 миллион доллар ба имзо расонда шуд.
Ин нукта зимни баррасии Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа)» - маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба вакилони мардумӣ ироа гардид.
Назар ба гуфтаи муовини вазир, марҳилаи дуюми лоиҳа, ҳамчунин, сохтмони 9 адад пул, аз ҷумла як адад бо дарозии 330 метр аз болои дарёи Вахш, 14 адад чорсӯ ва гардишгоҳ, 18 адад истгоҳ ва павилион, 8 гузаргоҳи чорвогузар, 3 пиёдагузар, аз ҷумла 2 зеризаминӣ, 46 лӯлаи обгузарро дар бар мегирад. Паҳнои қисмати роҳ аз 23 то 36 метр ва ғафсии асфалт ба 11,5 сантиметр хоҳад расид. Пешбинӣ шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли ҷорӣ оғоз ёфта, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар ба масофаи 73,2 километр ду марҳиларо дар бар мегирад. Барои татбиқи марҳилаи якум, ки 33,2 километр аст, 96,4 миллион доллар ихтисос ёфтааст.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи роҳраву коридорҳои 2,5 ва 6 - и Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад, ки пойтахти кишвар - шаҳри Душанберо ба вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин, кишварҳои ҳаммарз – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2018 №: 129 Мутолиа карданд: 5202