ҳуқуқ
ТОҶИКОБОД. МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ПУРЗӮРТАР МЕШАВАД
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 дар сатҳи маҳал тадбирҳои судманд андешида, бо кормандони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ силсилаи вохӯриҳоро ба роҳ мондааст.
Тавре Назрвалӣ Акбаров, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия, иброз дошт, дар асоси талаботи меъёрҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳал комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроия оид ба пешгирии коррупсияро созмон додааст. Комиссия бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои он дар ҷамоатҳо бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир менамояд. Ҷиҳати таъмини самараноки кори комиссияи мазкур тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ пайваста дар байни кормандони мақомоти иҷроия, воҳидҳои хавфи коррупсионидошта, дарсҳои омӯзишӣ ва корҳои огоҳсозӣ гузаронда мешаванд. Бо ин мақсад «Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ» ва нақшаю чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳанӯз ҳам дар баъзе сохторҳо аз тарафи шахсони мансабдор содир шудани кирдорҳои хусусияти корупсионидошта ошкор мегарданд, ки ин амал ба шаъну шарафи хидматчии давлатӣ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.07.2018 №: 130 Мутолиа карданд: 1072