порлумон
МН МО ҶТ. ФАЪОЛИЯТИ ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар марҳилаи сипаришудаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли 2017 пешниҳод гардид, рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Президенти муҳтарами Тоҷикистон зимни ироаи Паёми хеш вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, паёмадҳои буҳрони иқтисодию сиёсӣ, роҳҳои мушаххаси рушди устувори ҷомеаи кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, фарогирии наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия, бунёду азнавсозии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои дигари муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо андешаҳои илман асоснок ва таҳлилҳои амиқ равшан намуданд.
Ин нукта зимни гузориши Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба вакилони мардумӣ ироа гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид ба он дошт, ки Пешвои миллат соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки худ як тадбири саривақтӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад. Муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таблиғи густурдаи минтақаҳои нотакрори кишвар ва рӯнамоии маконҳои таърихӣ шароитро барои ворид шудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар фароҳам намуда, заминаҳои ворид гаштани сармоягузории мустақимро ба вуҷуд меорад.
Шукурҷон Зуҳуров аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, гуфт, ки қонуни мазкур воқеан ҳам, ҷиҳати дастрасӣ ба зиндагии шоиста хизмат намуда, заминаҳои ҳуқуқии решакан намудани афкору анъанаҳои хурофотиро фароҳам овард.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро яке аз дастовардҳои бузурги қонунгузории кишвар на танҳо дар марҳилаи сипаришуда, балки, умуман, дар замони фаъолияти Парламенти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурдан мумкин аст. Он қонуни сирф миллӣ буда, аз дили мардум, аз рӯзгори мардум, аз мушкилоту муаммоҳои ҳамешагии сокинони кишвар сарчашма гирифтааст. Ин қонун амалан мардуми кишварро аз харҷҳои миёншикан ва исрофкориҳои беҳуда озод намуд, - таъкид дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.07.2018 №: 130 Мутолиа карданд: 5240