logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. БИНОҲОИ СУДҲО ДАВРА БА ДАВРА ТАЪМИР ХОҲАНД ШУД

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № 622 мақолаи «Хатлон: камбудии судҳо зиёданд», ки аз 8 июни соли 2018, № 115 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

 

Дар мақола масъалаҳо оид ба шароити корӣ ва усулҳои корбарии мақомоти судӣ мавриди тадқиқоти журналистӣ қарор гирифта, дарҷ гардидааст, ки «ниҳодҳои судии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар биноҳои солҳои сиюми асри гузашта бунёдёфта ҷой дода шудаанд, ки бештарашон ҳам аз ҷиҳати бехатарӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷолибияти меъморӣ ҷавобгӯи замон нестанд».
Боиси зикр аст, ки ба таҳкими минбаъдаи мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Аз ҷумла, бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии судҳои ноҳияҳои Шаҳристон, Балҷувон, Нуробод, Шамсиддини Шоҳин, Варзоб, Восеъ, Ванҷ, Шуғнон, Сангвор ва шаҳри Роғун навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Ҳамчунин, судҳои ноҳияҳои Вахшу Хуросон бо биноҳои алоҳидаи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъмин гардиданд.
Айни замон, сохтмони биноҳои нави судҳои ноҳияҳои Данғара, Тоҷикобод ва Кӯҳистони Мастчоҳ идома дошта, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бинои суди ноҳияи Тоҷикобод мавриди истифода қарор гирад.
Илова бар ин, дар ин давра биноҳои маъмурии судҳои вилояти Суғд ва ВМКБ, судҳои шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Ҷайҳун, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Фархор, Дарвоз, Рӯшон, Истиқлол, Бӯстон, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Гулистон, Истаравшан, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Лахш ва судҳои ҳарбии гарнизонҳои Хуҷанду Хатлон аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Вобаста ба имкониятҳои молиявӣ таъмири дигар биноҳои судҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудаанд.
Бояд қайд кард, ки навсозиву бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани ҳамаи 25 бинои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маблағҳои зиёдро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, бунёду таъмири биноҳои судҳо тибқи нақша сурат гирифта, бо назардошти имкониятҳои молиявӣ давра ба давра амалӣ мегарданд.
А. АШӮРЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 1105
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед